Иллоҷи қалъӣ ва шифои қатъӣ диҳанда илоҷи имон аст ки як дармон мебошад…

ДАВОИ ҲАШТУМ

 Эй беморе, ки охирати худро фикр мекунӣ! Беморӣ, монади собун, чиркҳои гуноҳҳоро шуста тамиз мекунад. Кафорати зунуб шудани бемориҳо бо ҳадиси саҳиҳ собит аст. Ҳам дар ҳадис ҳаст ки: Чигуна бо такон додани дарахти пухта расидани меваҳояш мерезад; ларзидани як бемори бо имон низ ингуна, гуноҳҳоро такон медиҳад. Гуноҳҳо дар ҳаёти абадӣ бемориҳои доимианд. Дар ин ҳаёти дунёи низ барои қалб, виҷдон ва рӯҳ беморҳои маънавианд. Ту агар сабр карда шикоят накунӣ, бо ин бемории муваққат аз бисёр бисёр бемориҳои доими дигар наҷот меёбӣ.

Агар гуноҳҳоро фикр накунӣ, ё инки охиратро намедонӣ ва ё Аллоҳ (ҷ.ҷ.) ро намешиносӣ, дар ту онгуна як беморӣ аст, ки миллион дафъа аз ин бемори хурдии ту бисёр бузург аст. Аз он фарёд кун. Чунки бо тамоми мавҷудоти дунё қалбӣ ту, рӯҳӣ ту, навфсӣ ту, алоқадор аст. Довомдор бо фироқ ва завол он алоқаҳо бурида шуда, дар ту захмаҳо беҳад боз мешавад. Бо хусус барои инки охиратро намедонӣ, барои инки маргро эъдоми абадӣ фикр мекунӣ; одато, гуё дар дохил захм ва ҷароҳат ва доғ ба қадри дунё як вуҷуди бо мараз дорӣ. Инак аз ҳама аввалтар ба ин бемориҳои беҳади ва вуҷуди маънавӣ бузурги худ, ки беҳад бо захм ва бо мараз аст, иллоҷи қалъӣ ва шифои қатъӣ диҳанда илоҷи имон аст ки як дармон мебошад. Онро ҷустутҷӯ кардан ва эътиқоди худро дуруст кардан аст, ки дар дарёфти он илоҷ роҳи хеле кӯтоҳ низ бо панҷараи заъфу аҷзи ту, ки ба ту дар зери пардаи ғафлате, ки ин беморӣ моддии онро пора кардааст, қудрат ва раҳмати як Қадири Зулҷалолро шинохтан аст.

Бале касе, ки Аллоҳ (ҷ.ҷ.)-ро намешиносад пур аз дунё бало, болои сараш ҳаст. Касе, ки Аллоҳ (ҷ.ҷ.)-ро мешиносад дунёаш бо нур ва бо сурури маънавӣ пур аст. Назар ба дараҷааш боқуввати имон ҳис хоҳад кард. Дар зери ин сурур ва шифо ва лаззати маънаве, ки аз имон меояд, алами бемориҳои ҷузъӣ ва моддӣ, гудохта ва хурд шуда меравад.

ДАВОИ НӮҲУМ: Эй беморе, ки Холиқи худро мешиносӣ! Алам ва тарси ту аз бемориҳо бошад: Беморӣ баъзан аз ҷиҳати ба марг ва сила шуданаш аст. Марг аз назари ғафлат ва аз ҷиҳати зохири бо даҳшат буданаш, беморҳое, ки ба он васила мешавад метарсонад ва талош медиҳад.

Аввалан: Бидон ва қатъӣ имон кун, ки аҷал муқаддар (тақдир) аст, тағир намекунад. Касоне, ки дар болои сари беморонӣ хеле сангин гиря карданд ва сиҳатхояшон, ки дар ҷояш будааст мурданд. Он беморони сангин шифо ёфта ва зиндагӣ карданд…

СОНИЯН: Марг, чуноне ки суратан дида мешавад бо даҳшат нест. Дар бисёр рисолаҳо бо як сурати ғоят қатъӣ, бе шаку шубҳа бо нуре, ки Қуръони Карим дода буд исбот кардаем, ки барои аҳли имон марг, аз кулфат вазифаи ҳаёт як тархис аст. Ҳам дар имтиҳони майдони дунё, таълим ва таълимоте, ки убудият аст, аз он як таътил аст. Ҳам аз сад фоиз навадунӯҳ фоиз дӯстон ва ақрабоҳое, ки ба он олами дигар рафтаанд, барои расидан ба онҳо як василааст. Ҳам ба дохил шудан ватани ҳақиқиаш ва ба мақоми саодати абадиаш як восита аст, ҳам аз зиндони дунё, ба бӯстони ҷаннат як даъват аст. Ҳам аз фазли Холиқи Раҳимаш, ба муқобили хизматҳояш, ба ахз (гирифтан) намудани уҷрат як навбат аст.

Азбаски, моҳияти марг дар нуқтаи ҳақиқат ин аст, ба он, на бо даҳшат нигоҳ кардан, баръакс ба як назар муқаддимаи раҳмат ва саодат нигоҳ кардан лозим аст. Тарсиданӣ як қисими аҳли Аллоҳ аз марг, на аз даҳшати марг, балки бисёр хайр ба даст овардан, аз хайрҳо як аз идомаи ҳаёт ба даст овардан мебошад. Бале, марг барои аҳли имон дари раҳмат аст. Барои аҳли залолат, ҷои зулумоти абадӣ аст.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо