Дониста бошем, ки ҳар мисоле аз мисолҳои вобаста ба об бо роҳҳои гуногун аз саҳобагони киром ривоят шуда…

ИШОРАИ ҲАШТУМ

қисме аз муъҷизотеро баён мекунад, ки ба об тааллуқ доранд.

Муқаддима

Ҳодисаҳое, ки миёни мардум ба вуқуъ меафтанд, ҳатто агар як нафар онро ривоят кунад ва аз ҷониби дигарон дурӯғ ҳисобида нашавад, далолат бар сидқи вуқуъи он ҳодиса мекунад. Зеро фитрати солими инсон дурӯғро бад мебинад ва онро инкор мекунад. Бахусус он саҳобагон, ки дар баробари дурӯғ сокит намемонданд, махсусан дар ҳолате, ки ин ҳодисаҳо ба Паёмбари Худо (с.а.в) тааллуқ дошта бошанд, ва аз он ҳам дақиқтар он ровиён саҳобагони машҳур мебошанд. Пас ровии хабари оҳод дар он ҳолат чун намоянда аз ҷониби он ҷамъе аст, ки айнан мушоҳада намудаанд. Дониста бошем, ки ҳар мисоле аз мисолҳои вобаста ба об бо роҳҳои гуногун аз саҳобагони киром ривоят шуда, онро имомон ва олимони тобиин ҳифз намуданд ва ҳар ривояти онро бо амонати бузург ба касоне, ки баъди онҳо дар асрҳои оянда меомаданд, месупориданд. Олимони ин аср он ривоётҳоро бо тамоми ҷиддияту амонат қабул намуда, ба олимони асри оянда нақл менамуданд ва ҳамин гуна ҳазорон олимони бузург дар ҳар асру табақа пайи ҳамдигар нақл намуданд, то оне ки имрӯз ба мо расиданд. Илова бар оне, ки китобҳои ҳадис дар замони Паёмбар (с.а.в) навишта шуда буданду аз даст ба даст мунтақил мешуданд, (то он ки ба дасти имомони ҳадис ба монанди Бухорӣ, Муслим расиданд) онро пурра фаҳмида буданд ва ин ривоятҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо ва табақабандӣ менамуданд. Онҳо ҳадисҳои саҳеҳеро, ки холӣ аз шубҳа мебошанд, дар китобҳои саҳеҳи худ ҷамъ намуда ба сӯйи ҳақ роҳнамоӣ карданд.

“Худованд онҳоро ҷазои хайр диҳад”.

Мисол. Баромадани об аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) ва об додани мардуми бисёр бо ривоёти мутавотир нақл шудаст. Онро ҷамъи азиме нақл намуданд, ки бар дурӯғ ҷамъ шудани онҳо имкон надорад ва маҳол аст. Пас, ин муъҷиза қатъӣ собит шудааст, бо вуҷуди он ки се бор дар назди се ҷамоъати бузург рух додааст. Ин ҳодисаро бо ривояти саҳеҳ ҷамъи саҳобагон ва дар муқаддимаи онҳо Анас (ходими Паёмбар (с.а.в)), Ҷобир ва Ибни Масъуд (р) ривоят намудаанд ва имомони ҳадис чун Бухорӣ, Муслим, Имом Молик, Ибни Шуайб ва Қатода (р) бо ривоятҳои силсилавӣ ба мо нақл намудаанд.

Ҳоло нӯҳ мисол аз муъҷизоти мутааллиқ ба обро зикр мекунем.

Мисоли якум. Дар саҳеҳайни Бухорӣ, Муслим ва дигар китобҳои ҳадис аз Анас ибни Молик (р) собит шудааст, ки ӯ мегӯяд: “Паёмбар (с.а.в)-ро дидам, ки вақти намози аср наздик мешуд ва мардум мехостанд таҳорат кунанд, аммо об пайдо намекарданд, дидам, ки ба назди эшон кӯзаи обе оварданд ва Паёмбар (с.а.в) дастони худро дар он кӯза гузошт, об аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) берун шуд ва ҳама мардум таҳорат намуданд”. Қатода мегӯяд аз Анас пурсидам, ки чанд нафар будед? ӯ гуфт: “Сесад нафар ё наздик ба он” .

Дар ин ривоят мебинед, ки Анас ин ҳодисаро ҳамчун намоянда аз он 300 нафар ривоят мекунад. Пас, оё имкон дорад, ки он сесад нафар дар ривояти ин ҳадис аз ҷиҳати маъно шарик набошанд? Агар ин ҳодиса ба вуқӯъ наомада бошад, оё имкон дорад, ки ин сесад нафар дурӯғи Анасро ошкор накунанд?

Мисоли дуюм. Дар китобҳои саҳеҳе чун Бухорӣ ва Муслим аз Солим ибни Абӯҷаъд аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи ансорӣ (р) чунин ривоят омадааст: “Мардум дар рӯзи Ҳудайбия ташна шуданд. Паёмбар (с.а.в) бо кӯзаи обе, ки дошт, таҳорат намуд ва мардум ба сӯйи Паёмбар (с.а.в) давиданд. Паёмбар (с.а.в) ба онҳо гуфт: “Ба шумо чӣ шудааст?”. Онҳо гуфтанд: “Обе барои таҳорат ва нӯшидан надорем, магар он чи дар назди шумо аст”. Ҷобир мегӯяд: “Паёмбар (с.а.в) дасти худро вориди он кӯза намуд ва об аз миёни ангуштони ӯ (с.а.в) чун чашма берун мешуд ва мо ҳамагон нӯшидем ва таҳорат гирифтем”. Солим мегӯяд ба Ҷобир гуфтам: “Шумо чанд нафар будед?”. ӯ гуфт: “Агар сад ҳазор мебудем, об барои мо кифоят мекард, аммо мо 1500 нафар будем”. Аз ҷиҳати маъно мебинед, ки ровиёни ин ҳодис ба ҳазору панҷсад нафар расидааст, зеро инсон табиатан дурӯғро бад дида, мегӯяд ин дурӯғ аст, пас он саҳобагони киром, ки дар роҳи сидқу ҳақиқат ҷон, мол, падар, писар, хешовандон ва қавми худро фидо менамуданд, дурӯғ гуфтанашон маҳол аст. Бахусус баъд аз шунидани ин таҳдиди “Касе қасдан аз номи ман ҳадис мегӯяд, ҷойгоҳи худро дар Дӯзах интизор шавад”, маҳол аст, ки онҳо дурӯғро бишнаванду хомӯш бошанд. Пас, модоме ки онҳо ин ҳодисаро қабул доранду ба он эътирозе накардаанд, онҳо низ дар ривояти ин ҳодиса шарик ва аз ҷиҳати маъно тасдиқкунандаи он мебошанд.

Мисоли сеюм. Китобҳои саҳеҳ аз ҷумла Бухорӣ ва Муслим дар зикри ғазваи Бувот ривоят мекунанд, ки Ҷобир гуфтааст: “Паёмбар (с.а.в) ба ман фармуд, ки:

“Эй Ҷобир, барои таҳорат кардан мардумро даъват намо”. Ба ӯ (с.а.в) гуфтем, ки об надорем. Паёмбар (с.а.в) каме об хост. Ба Паёмбар (с.а.в) каме об оварданд ва ӯ дастони худро дар он гузошт ва чизе гуфт, ки ман намедонам. Сипас фармуд:

       رِدْنَا بِجَفْنَةِ الرَّكْبِ

“Бигӯ, то деги корвонро ҳозир кунанд”. Дегро ба назди Паёмбар (с.а.в)) оварданд ва Паёмбар (с.а.в) дастони худро дар дег андохт ва ангуштонашро боз намуд. Ҷобир мегӯяд: “Ба Худо қасам! Обро дидам, ки аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) ҷорӣ мешавад ва баъди лаҳзае дег пур шуд, ва сипас амр намуд, то ҳама об нӯшанд ва мардум то сер шудан об менӯшиданд. Ман гуфтам оё каси дигаре ҳаст, ки ниёз ба об дошта бошад? Сипас Паёмбар (с.а.в) дасти худро аз дег бардошт, дар ҳоле ки он пур аз об буд”.

Ин муъҷизаи ошкор аз ҷиҳати маъно мутавотир мебошад, зеро Ҷобир дар муқаддимаи шоҳидони ҳодиса буд ва ҳақ дорад дар бораи ин ҳодиса ҳарф занад ва аз номи мардум онро эълон кунад ва сабабаш дар он аст, ки ӯ дар он замон ходими Паёмбар (с.а.в) буд.

Ривояти Ибни Масъуд дар китобҳои саҳеҳ ба чунин сурат омадааст: “Дар ҳақиқат ман дидам, ки об аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) берун мебаромад”.

Аҷиб ин аст, ки саҳобагони бузургу содиқ ба монанди Анас, Ҷобир ва Ибни Масъуд онро ривоят карда бошанду дар ривояти худ ибораи дидамро истифода бурда бошанд, магар  надидани онҳо имкон дорад?

Сипас! Ин се мисолро бо ҳам ҷамъ намо, то бузургии қуввату қудрати ин муъҷизаро дарк намоӣ, зеро агар ҳар се роҳи ривоят бо ҳам як шаванд, ин ривоятро бо тавотури маънавии қатъӣ собит мекунанд, ки дар ҳақиқат об аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) берун шудааст. Ин муъҷиза аз муъҷизаи Мӯсо (а), ки аз санг дувоздаҳ чашма берун кард, боло ва бузургтар аст, зеро баровардани об аз санг одатан мумкин аст, аммо баромадани об ба монанди чашма аз даруни гӯшту устухон хело тааҷҷубовар аст.

Мисоли чорум. Имом Молик дар китоби пурқимати худ “Муватаъ” аз саҳобагони бузург чунин ривоят мекунад: “Аз Муъоз ибни Ҷабал ривоят аст, ки онҳо дар ғазваи Табук вориди чашмае шуданд, ки оби он хело кам буд” Паёмбар (с.а.в) амр намуд оби онро ҷамъ кунанд. Саҳобагон бо дастони худ дар зарфе обро ҷамъ намуданд. Сипас Паёмбар (с.а.в) дар он зарф дасту даҳону рӯйи худро шуст ва обро дубора ба он баргардонд, аз он оби бисёр баромад ва ҳама аз он об сер шуданд. Ҳатто дар ҳадиси Ибни Исҳоқ омадааст, ки баъди он оби чашма ба фаровон баромадан гирифт ва Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт:

“Агар умрат дароз шавад, дар ин макон боғҳои зиёд мебинӣ”. Ва дар воқеъ ҳамин гуна ҳам шуд.

Мисоли панҷум. Имом Бухорӣ аз Барро ва Муслим аз Салма ибни Акваъ, дар китобҳои саҳеҳи дигар бо дигар роҳҳо ривоят шудааст, ки “Дар рӯзи Ҳудайбия ҳазору чорсад нафар будем. Дар Ҳудайбия чоҳе буд, ки мо ҳамаи оби онро берун баровардем, ҳатто дар он як қатра об боқӣ намонд. Паёмбар (с.а.в) дар лаби чоҳ нишасту фармуд, то ба ӯ (с.а.в) об биёранд ва сипас бо он об мазмаза намуду онро бо оби чоҳ якҷо кард. Баъди каме интизорӣ мо ҳама аз он чоҳ об хӯрдем ва шутуронро низ об додем.”. Барроа мегӯяд: “Паёмбар (с.а.в) амр намуд, то ҳар соле аз он об ба назди ӯ биоваранд ва мо об меовардем ва Паёмбар (с.а.в) оби даҳони мубораки худро дар он меандохт ва дуо менамуд ва он обро дар чоҳ холӣ менамуд. Оби чоҳ чунон зиёд гашт ва ҳатто то лаби чоҳ расид ва ҳама аз он об нӯшиданду савораҳои худро об доданд”.

Мисоли шашум. Имомони ҳадис чун Муслим ва Ибни Ҷарири Табарӣ ва дигарҳо аз Абӯқаддода (р) ривоят мекунанд, ки мегӯяд: “Паёмбар (с.а.в), ҳангоме ки хабари кушта шудани сарлашкаронро шунид,  барои кӯмаки аҳли Муъта равон шуд.” Ман як зарфе барои вузӯъ гирифтан бо худ доштам ва Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Ин зарфи худро нигоҳ дор, зеро дар он хабаре ҳаст.” Каме баъд мо ҳама дучори ташнагии шадид шудем ва адади мо ба ҳафтод тан мерасид (дар ривояти дигар, ки Табарӣ онро ривоят мекунад, адади онҳо сесад (300) нафар мегӯяд). Паёмбар (с.а.в) фармуд (ба Абӯқаддода (р)): “Он зарфи худро биёр” ва ман онро овардам. Паёмбар (с.а.в) онро гирифту даҳони мубораки худро ба даҳони он гузошт ва намедонам, ки дар он пуф намуд ё не, сипас баъди он ин ҳама омада, аз он об менӯшиданд ва зарфҳои худро пур аз об менамуданд, баъди ин ман онро гирифтам ва он мисли пешина пур аз об буд”.

Пас, биё дар ин муъҷизаи ошкорро фикр намо ва сипас ба Паёмбар (с.а.в) ва оли ӯ ба адади қатраҳои об дуруд бифирист.

Мисоли ҳафтум. Имом Бухорӣ ва Муслим аз Имрон ибни Ҳумайн, ҳангоме ки Паёмбар (с.а.в) бо асҳоби худ дар баъзе аз сафарҳо дучори ташнагӣ шуданд, чунин ривоят мекунанд: “Мо дар сафаре бо Паёмбар (с.а.в) будем. Мардум аз ташнагӣ ба ӯ шикоят карданд. Паёмбар (с.а.в) поён шуд ва Алӣ (р)-ро садо карду фармуд: “Ҳардуи шумо биравед ва об ҷустуҷӯ кунед”. Он ҳарду рафтанд ва занеро пайдо намуданд, ки ду обдон дошт ва онро гирифта, ба назди Паёмбар (с.а.в) оварданд. Паёмбар (с.а.в) як зарфе хост ва обро дар он холӣ кард. Сипас садо баровард, ки ҳама аз ин об бинӯшед. Ҳамаи мардум омада нӯшиданд… Ба ман чунин аён шуд, ки он аз аввала дида, пуртар буд”.

Паёмбар (с.а.в) фармуд: “Барои он зан чизе ҷамъ кунедва ҳама барои ӯ чунин карданд. Ҳатто барои ӯ дар як зарф хӯрок ҷамъ намуда, ба шутураш бор карданд. Сипас бо он зан фармуд, ки:

“Мо аз оби ту ризқ истифода накардем, балки Худованд моро сероб намуд”.

Мисоли ҳаштум. Ибни Хузайма ҳадиси Ибни Умарро дар ғазваи Табук ривоят кардааст. ӯ ҳамчунин қисса мекунад, ки чи гуна онҳо дучори ташнагии сахт гардиданд, ки ҳатто ҳар мард шутури худро мекушт ва обро аз даруни он берун намуда менӯшид. Абӯбакр (р) дар ин ҳангом аз Паёмбар (с.а.в) дуо хост ва Паёмбар (с.а.в) дастони худро боло намуда, дуо намуд ва қабл аз ин ки дастонашро поён кунад, борон нозил шуд ва ҳама зарфҳои худро пур аз об намуданд, аммо борон берун аз пойгоҳи онҳо набуд”.

Ин маҳз муъҷизаи Муҳаммадӣ буда, дар он тасодуф дида намешавад.

Мисоли нуҳум. Аз Амр ибни Шуайб (набераи Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос), ки дар тахриҷи ҳадис назди соҳибони чор сунани саҳеҳ мақбул мебошад, ривоят шудааст: “Дар Зулҳиҷаз (бозоре дар Арафа) Абӯтолиб, ки дар пушти Паёмбар (с.а.в) нишаста буд, гуфт ман ташна шудаам ва обе надорам. Паёмбар (с.а.в) поён рафт ва заминро бо пойи худ мезад, то ин ки аз он об баромад, сипас Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт: “Бинӯш”. Яке аз донишмандон мегӯяд ин ҳодиса қабл аз Ислом буд ва аз ҷумлаи нишонаҳои паёмбарӣ аст. Ҷорӣ шудани чашмаи Арафа баъди гузашти ҳазор сол аз ҷумлаи икроми Худованд аст ба Паёмбар (с.а.в) .

Бо ҳамин тариқ, гарчи муъҷизаҳо оид ба об ба навад адад расидааст, ин нӯҳ мисолеро, ки мо зикр намудем, бо навад роҳ ривоят шудаанд.

Ҳафт мисоли аввал саҳеҳ ва қатъӣ мебошанд, ба монанди тавотури маънавӣ ва ду мисоли ахир бо вуҷуди он ки санади онҳо қавӣ ва зиёд нест ва ровиёни зиёде онро ривоят накардаанд, аммо донишмандони ҳадис амсоли Имом Байҳақӣ ва Ҳоким аз Умар (р) муъҷизаи дигареро атрофи абрҳо ривоят мекунанд, ки барои мисоли ҳаштум, ки онро низ Умар (р) ривоят кардааст, тақвиятбахш ба шумор меравад.

Ривоят чунин аст: “Дар баъзе аз ҷангҳои Паёмбар (с.а.в) мардум дучори ташнагӣ шуданд. Умар (р) аз Паёмбар (с.а.в) хост то дуо кунад. Паёмбар (с.а.в) дуо кард, абрҳо пайдо шуданду борон борид ва ҳама аз об сер шуданд ва сипас абрҳо пароканда шуданд”. Гӯё ин абрҳо маъмур буданд, то фақат бар лашкар борон биборад, зеро фақат борон дар макони онҳо борид. Пас ин ҳодиса мисоли ҳаштумро қавӣ ва таъйид намуда, онро собит мекунад. Ҳатто Ибни Ҷавзӣ, ки баъзе аз ҳадисҳои саҳеҳро рад намуда, онҳоро дар сафи ҳадисҳои мавзӯъ ҷой додааст, чунин мегӯяд: Ин ҳодиса дар ғазваи Бадр воқеъ шуда, дар шаъни он ин оят нозил шудааст, ки:

“Ва фуруд меовард аз осмон оби боронро, то пок созад шуморо ба он”.

Пас, модоме ки ин оят дар бораи он нозил шуда онро ошкоро баён кардааст, пас дар воқеъ, дар рух додани он шакке нест.

Нозил шудани борон бо дуои Паёмбар (с.а.в) пеш аз он, ки дастони мубораки худро поён кунад, хело бисёр такрор шудааст ва ин дар навбати худ муъҷизаи алоҳидае мебошад. Баъзе ҳолатҳо Паёмбар (с.а.в) дар болои минбар борон талаб мекард ва қабл аз ин ки дастони худро поён кунад, борон меборид ва ин ривоят аз роҳҳои мутавотир собит шудааст.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо