Дар муқобили ҷароҳатҳои зоҳирии Ҳазрати Айюб алайҳиссалом, мо дучори бемориҳои ботинӣ, рӯҳӣ, ва қалбӣ шудаем…

Нуқтаи Якум

Дар муқобили ҷароҳатҳои зоҳирии Ҳазрати Айюб алайҳиссалом, мо дучори бемориҳои ботинӣ, рӯҳӣ, ва қалбӣ шудаем. Агар вазъияти даруниямон ошкор гардад ва дарунамон бар берунамон мунъакис шавад, хоҳем дид ки беш аз Ҳазрати Айюб (а.с.) ҷароҳат дорем ва бемор ҳастем.  

Зеро ҳар гуноҳе, ки анҷом медиҳем ва ҳар шубҳае, ки вориди мағзамон мешавад дар рӯҳу қалбамон ҷароҳатҳое меоварад. Захмҳои Ҳазрати Айюб алайҳиссалом, ҳаёти кӯтоҳи дунявиашро таҳдид мекард, аммо ҷароҳоти маънавӣ, ҳаёти абадии дуру дарози моро таҳдид мекунад.

Мо ҳазор бор бештар аз Ҳазраташ ниёзманди муноҷоти Айюбия ҳастем. Махсусан ҳамон тавре, ки кирмҳои нашъатшуда аз захмҳои Он Ҳазрат ба қалбу лисони ӯ сироят кард, захмҳои ҳосил шуда аз гуноҳҳо ва васвасаҳо ва шубҳаҳои нашъат ёфта аз захмҳои мазбур (наъузу биллаҳ) ба ботини қалбамон ки маҳали имон аст нуфуз карда ва ба боварҳоямон осеб мезанад ва бо сироят ба завқи рӯҳонии забон, ки тарҷумони имон аст ба шакли нафратангезе моро аз зикр дур мекунад ва ба сукутамон вомедорад.   

Бале, гӯноҳ бо нуфуз ба қалб ба тадриҷ онро сиёҳ карда ва чунон дучори қасоваташ месозад, ки ҷое барои нури имон дар он боқӣ намонад. Дар ҳар гуноҳ роҳе мунтаҳат ба куфр ҳаст. Агар гуноҳ бо истиғфору бо суръат аз байн наравад, на ба шакли кирм балки дар ҳайбати мори маънавие неши худро вориди қалби маънавӣ мекунад.

Масалан: Шахсе дар пинҳонӣ муртакиби гуноҳи шармоваре мешавад ва намехоҳад касе аз он огоҳ гардад, пазириши вуҷуди малоикаҳо ва умури рӯҳонӣ барояш бисёр сақил хоҳад буд; бо андак нишонае дар садади инкорашон бармеояд.

Ё масалан: Фардеро тасаввур кунед, ки муртакиби гуноҳи бузурге мешавад; гуноҳе, ки натиҷааш ҷаҳаннам аст, агар ӯ аз таҳдидоти ҷаҳаннам огоҳ шуда, ба воситаи истиғфор дар муқобилаш сипар нагирад, зеро бо тамоми вуҷуд орзумандаст ҳеҷ ҷаҳаннаме вуҷуд надошта бошад, ӯ бо хурдтарин шубҳаю нишонае ҷасорат намуда, ҷаҳаннамро инкор мекунад.

Ҳам масалан: Намозҳои фарзро намехонад ва ба вазифаи убудияташ амал намекунад. Ӯ ки бо андак сарзаниши раисаш ба хотири анҷом надодани вазифаи хурд, мутаассир мешавад, дармуқобили мукаррари амрҳои Султони Азал ва Абад ва дар анҷоми фароиз танбалӣ мекунад, аз ин бобат ба ӯ эҳсоси ғамгинӣ омада бо тамоми вуҷуд ва ба лиҳози маъно мегӯяд: “Эй кош вазифаи убудият намебуд.” Аз ин орзӯ, инкоре падид меояд, ки бӯйи адовати маънавии Илоҳиро медиҳад. Агар шубҳае дар хусуси вуҷуди Илоҳӣ вориди қалби инсон шавад, ба далели қатъӣ ба он майл карда ва дарвозаи бузурги ҳалокат ба рӯяш боз мешавад.  

Ин бадбахт намедонад, ки ба воситаи инкор ва дар муқобили заҳмати ҷузъӣ ки аз вазифаи убудият сарчашма мегирад, ҳадафи машақатҳои маънавии милёнҳо баробар зиёдтару аҷибтар аз он заҳмат қарор гирифтааст, аз неши пашае гурехта неши мореро қабул мекунад. Ва ҳоказо…

Дар қиёс бо се мисоли боло, сирри بَلْ رَانَ عَلَى قُلُوبِهِمْ бояд дарк намуд.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

 



Мақолаҳо