Баъзе инсонҳои исрофкору сарфакор, чунин инсонҳои бо иқтисодро, туҳмати «хасис» мезананд…

НУҚТАИ ПАНҶУМ

Ҷаноби Ҳақ аз камоли карамаш, ба фақиртарин инсон низ ҳамчун сарватмандтарин инсонҳо, ба гадо низ ҳамчун подшоҳ, лаззати неъматҳояшро мечашонад ва аз он эҳсос баҳраманд месозад. Бале, лаззате ки як фақир бавоситаи гуруснагию сарфакорӣ аз як бурдаи нони хушку сиёҳ мебарад, аз лаззате ки як подшоҳ ва фарди сарватманд аз шарми исрофу хурдани бақлава дар замони беиштиҳоӣ мебарад, бомазатар мебошад. Ҷойи ҳайрат аст, ки баъзе инсонҳои исрофкору сарфакор, чунин инсонҳои бо иқтисодро, туҳмати «хасис» мезананд. Ҳошо!… Иқтисод, иззату бахшиш аст. Хиссат ва зиллат бошад, ботину даруни мардонагии зоҳирии аҳли исроф мебошад. Дар соле, ки ин рисола ба таълиф расид, дар ҳуҷраам шаҳри «Испарта» воқеъае пеш омад, ки ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад, он воқеъа. Аз ҷумла:

Ба хилофи қоида ва дастури зиндагиям, яке аз талабаҳоям боисрор мехост дуним кило асалро ба унвони ҳадия аз ў қабул кунам, ҳар чанд бо қоидаам кашмокаш кардам розӣ нашуд, бо маҷбурият, ба нияти хурондани он асал ба се бародаре, ки назди ман буданд, ҳам ба нияти инки он се нафар дар моҳи Шарифи Шаъбону Рамазон бо риояи иқтисод тайи сӣ–чил рўз аз он бихўранд ва ҳам савоб барои шахсе ки асалро ҳадя дод, ҳам бахотири он ки онҳо бидуни ширинӣ намонанд, гуфтам: “Бигиред.” Ман низ як кило асал доштам, он се бародар гар чӣ аз афроди мустақим ва аз касоне буданд ки иқтисодро тақдир мекарданд, аммо ба нияти икроми якдигар ва ҷиҳати тарҷеҳу навозиши нафси дигарон ба худ, ки аз як ҷиҳат хислати улвӣ башумор меравад, иқтисодро фаромўш карда дар муддати се шаб, дуним кило асалро тамом карданд, ман табассумона ба онҳо гуфтам: “Мехостам бо он асал сӣ – чил рўз даҳонатонро ширин кунам, шумо бошед сӣ рўзро се рўз кардед. Иштиҳоӣ том!” Албатта ман як кило асали худро сарфакорона масраф кардам, тамоми Шаъбону Рамазон ҳам ман аз он хўрдам ва ҳам лиллоҳилҳамд, ба бародаронам дар вақти ифтор як қошуқӣ дода, сабаби савоби муҳиме шуд.

Касоне, ки манро дар он аҳвол диданд, шояд он вазъиятамро хиссат талаққӣ кунанд ва вазъияти бародаронамро дар он се шаб ҷавонмардӣ тасаввур кунанд, аммо аз нуқтаи назари ҳақиқат дидем, дар пушти он хиссати зоҳирӣ, иззати улвӣ ва баракати бузургу савоби волое нуҳуфта буд ва аз он ҷавонмардию исроф, агар даст намекашиданд, гадоию ҳолати пасттар аз хиссат ҳамчун нигоҳи мунтазирона ва тамаъкорона бадасти ғайрро натиҷа медод.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо