Бале, мӯъмин бародари худро дӯст дорад ва бояд, ки дӯст бидорад. Ба хотири ҳоли бад ва зишти ӯ танҳо дил бисӯзонад…

Мактуби бисту дуюм

بِاسْمِهٖ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ    

Ин мактуб ду боб дорад.

Боби аввал: Аҳли имонро ба дӯстӣ, бародарӣ ва муҳабат даъват мекунад.

Боби аввал

1 بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ فَاَصْلِحُوا بَيْنَ اَخَوَيْكُمْ ۞

اِدْفَعْ بِالَّتٖى هِىَ اَحْسَنُ فَاِذَا الَّذٖى بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَاَنَّهُ وَلِىٌّ حَمٖيمٌ ۞

2 وَالْكَاظِمٖينَ الْغَيْظَ وَالْعَافٖينَ عَنِ النَّاسِ وَاللّٰهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنٖينَ

Тарафдорӣ, ҳасад ва инод, ки сабаби нифоқ ва шиқоқ ва кин ва адоват миёни мӯъминҳо мегардад, зишт ва мардуд мебошад. Аз назари  ҳақиқат ва ҳам аз диди ҳикмат ва низ аз дидгоҳи Ислом — ки намоёнгари инсонияти куброст — ва ҳам аз нигоҳи ҳаёти шахсӣ инсонияти бузургии исломият аз назари ҳақиқат ва ҳикмат ва аз назари ҳаёти шахсӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳаёти маънавӣ, зишту мардуд ва музиру зулм буда, барои ҳаёти башари низ заҳр аст. Инак ба шарҳи «шаш ҷиҳат» аз ҷиҳатҳои бешумори ин ҳақиқат мепардозем.

Ҷиҳати якум: Аз дидгоҳи ҳақиқат зулм аст.

Эй одами бе инсофе, ки бо бародари мӯъмини худ, кинаву адоват ва душманӣ мекунӣ!

Ҳамон гунае, ки ту дар як киштӣ ва ё дар як хона бошӣ, ҳамроҳ бо ту нӯҳ нафар инсони бе гуноҳ ва як ҷинояткор бошад, як одаме, ки ба ғарқ кардани он киштӣ ва ё ба сӯзондани он хона кӯшиш кунад, чӣ дараҷа зулм кардани ӯро медонӣ, ва аз зулми ӯ он қадар доду фарёд хоҳӣ кард, ки садои худро ба осмонҳо хоҳӣ шунавонид. Ҳатто танҳо як маъсум бе гуноҳ ҳамроҳ бо нӯҳ нафари ҷонӣ ҷинояткор бошад боз ҳам ба ғарқ кардани он киштӣ ҳеҷ як қонуни адолат иҷозат нахоҳад дод.

Айнан ингуна ту, вуҷуди як мӯъмин, ки хонаи Раббонӣ ва киштӣи илоҳӣ гуфта мешавад, ки дар он монанди имон, исломият ва ҳамсоягӣи нӯҳ не, балки бист сифати маъсумона дар ӯ мавҷут аст. Аз рӯи як сифати музир ва ҷонии вай, ки хуши ту намеояд, ба хотири он ба  хароб кардани он хонаи маънавӣ ва ғарқ кардани он киштии маънавие, ки вуҷуди ӯ мебошад, ташаббус ва иқдом ва ё орзу кунӣ, ин кори ту низ монанди кори он шахс, зишт, душманона ва як зулми золимона мебошад.

Ҷиҳати дуюм: Аз диди ҳикмат низ зулм аст.

Зеро маълум аст, ки адоват ва муҳаббат, монанди нур ва зулумот ба як дигар зид ҳастанд. Ҳар дуи онҳо аз назари маънои ҳақиқӣ якҷоя ҷамъ шуда наметавонанд.

Агар муҳаббати ҳақиқӣ, аз назари сабабҳои баланд будани худ дар як қалб пайдо шавад, он вақт адоват маҷозӣ хоҳад шуд, ва шакли дилсӯзӣ ба худ мегирад. Бале, мӯъмин бародари худро дӯст дорад ва бояд, ки дӯст бидорад. Ба хотири ҳоли бад ва зишти ӯ танҳо дил бисӯзонад. На аз рӯйи таҳаккуму зӯроворӣ, балки аз рӯи лутфу марҳамат ба ислоҳ ва тарбияти вай саъю кӯшиш кунад. Ба хотири он бо насси ҳадиси шариф гуфта шуда аст, ки «як мӯъмин бо мӯъмини дигар аз се рӯз изофа набояд, ки қаҳр кунад ва биранҷад ва набояд, ки қатъи муколама намояд».

Агар сабабҳои адоват ва хусумат ва душманӣ ғалаба кунад, адоват ва душманӣ ба сурати ҳақиқӣ дар як қалб пайдо шавад, он вақт муҳаббат маҷозӣ ва ғайри воқеъи хоҳад шуд, ба сурати тасаннӯъ  ва сохтагӣ ва зоҳирӣ ва тамаллуқ дар хоҳад омад.

Эй одами бе инсоф! Ҳоло нигоҳ кун, ки барои бародари мӯъмини худ кина ва адоват чӣ қадар зулм аст. Чунки, ҳамон тавре ту сангҳои хурди оддиро аз каъба бисёр бузург ва бо аҳмият ва аз кӯҳи Уҳуд бисёр баланд бигуйи, як бе ақлии зишт мекунӣ. Айнан ин тавр: Имони як мӯъмин, ки ба андозаи Каъбаи Шариф шараф, ҳайсият ва ҳурмат дорад, ва исломияте, ки монандӣ кӯҳи Уҳуд бисёр авсофи исломии бузург ва бо азамат дорад. Дар ҳоле, ки имон ва исломият муҳаббат ва иттифоқро мехоҳад, баъзе қусуроте, ки монанди сангҳои оддӣ ва сабаби адоват ва душманӣ ба муқобили мӯъмин мегардад, ва он қусуротро ба муқобили имон ва исломият тарҷеҳ кунад, чӣ дараҷа бе инсофӣ ва беақлӣ ва як зулми бузург будани онро агар ақл ва фаросат дошта бошӣ хоҳӣ донист.

Бале тавҳиди имони албатта тавҳиди қалбҳоро мехоҳад, ва тавҳиди эътиқод низ тавҳиди иҷтимоиро талаб мекунад ва зарури мешуморад. Бале ин кор карда нахоҳӣ тавонист ки: Ту дар як қитъи аскари баробар бо як одами дигар бошӣ, ба муқобили он одам ба як робитаъи дӯстона зарурат ҳис хоҳӣ кард. Ва ба хотире, ки таҳти амри як фармондеҳ мебошед, ба як робитаи рафиқона ва дӯстона алоқаи эҳсос хоҳӣ кард. Ба хотире, ки дар як мамлакат зиндагӣ мекунед, ба як муносибати уҳувваткорона ва дӯстона ҳис пайдо хоҳӣ кард. Зеро нур ва шуури имон ва ислом ба андозаи  номҳои илоҳӣ алоқаҳои ваҳдат ва як порчагӣ ва робиттаҳои иттифоқ ва муносиботи ухувват ва бародарӣ мавҷуд аст. Масалан:

Холиқи ҳар дуи шумо яке, Молики шумо яке, Маъбуди шумо яке, Розиқи шумо, яке, яке… яке яке, то ҳазор яке яке. Ҳам пайғамбари шумо яке, дини шумо яке, қиблаи шумо яке.. яке яке, то сад яке яке. Баъдан деҳаи шумо яке, давлати шумо яке, мамлакати шумо яке… то даҳ яке яке. Дар ҳоле, ки ин қадар яке якеҳо ваҳдат ва тавҳид ва вифоқ ва иттифоқ, муҳаббат ва ухувватро иқтизо мекунад, яъне зарури мешуморад, ва коинотро ва кураҳоро бо якдигар бо як занҷири маънавӣ баст кардааст, шиқоқ ва нифоқ, кин ва адовате, ки ба андозаи тори анкабут (тортанак) бе аҳмият, бе субот аст, ва сабаби кина бастани ҳақиқӣ ба муқобили мӯъмин мешавад, чӣ қадар ба муқобили он муҳаббат як истахфоф ва ҳақир шумордан ва ба муқобили муносибати ухувват чӣ дараҷа зулм ва эътисоф будани онро агар қалбат намурда бошад ва ақлат аз байн нарафта ва хомӯш нашуда бошад хоҳӣ донист ва хоҳӣ дарк кард.

Ҷиҳати сеюм: Ба назари сирри аяте 3 وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ اُخْرٰى ки ифода мекунандаи адолати маҳз аст, дар меёбем.

Аз рӯи як сифати ҷонӣ ва бад як мӯъмин ба ӯ кина ва адоват бастан ва дигар сифатҳои маъсуми ӯро маҳкум кардан ва ба дидаи қадр нагирифтан, чӣ дараҷа як зулми беҳад будани онро бо хусус аз як сифати бади мӯъмин ранҷида ва қаҳр карда адоват ва душманӣ худро болои ақрабо ва қавм ва наздикони ӯ ба онҳо андохта кардани ту бо муболағаи ояти 4 اِنَّ الْاِنْسَانَ لَظَلُومٌ  як зулми хеле бузург мебошад, ки ту мекунӣ. Дар ҳоле, ки ҳақиқат ва шариат ва ҳикмати исломия ихтор мекунад, чигуна ту худро барҳақ мебинӣ “ман бо ҳақ ҳастам” мегӯӣ?

Аз назари ҳақиқат, адоват ва душманӣ, ки сабаби зиштӣ, шарр ва бадӣ мебошад, монанди шарр ва хок касиф аст. Ба дигарон набояд, ки таъсир ва сироят кунад. Агар дигарон аз он дарс бигиранд, шарр ва фасод кунад, он масъалаи дигар аст. Некиҳое, ки сабаби мухаббат аст, монанди нур буда, сироят ва иникос аз шаъни ӯст. Ба хотири он аст, ки сӯхани “дӯсти дӯст, дӯст аст” дар забонҳо зарбул масал гардидааст. Ҳам ба хотири он аст, ки “ба хотири як чашм бисёр чашмҳоро дӯст дошта мешавад.” Ин сӯхан низ дар забонҳо зарбул масал гардидааст.

Инак эй одами бе инсоф! Дар ҳоле, ки ҳақиқатро ингуна мебинад, як одамеро, ки дӯст надори хотири он ба як бародар дӯст доштани ӯ ва ё ба наздикон ӯ адоват ва душмани кардани ту чӣ қадар хилофи ҳақиқат будани онро, агар ҳақиқат бин бошӣ, хоҳӣ донист.

Ҷиҳати чорум: Аз дидгоҳи ҳаёти шахсӣ низ зулм аст. Аз асоси ҷиҳати чаҳорум як чанд дастурро гӯш кун:

Дастури якум: Ту вақте, ки маслаку маром ва кору машғули худро ва афкори худро ҳақ донистӣ, он вақт гуфта метавони, ки: “Маслакам ҳақ аст ва ё хеле зебо ва хуб аст.” Фақат ту ҳақ надорӣ, бигуӣ “танҳо маслаки ман ҳақ аст.” Аз назари сирри وَعَيْنُ الرِّضَا عَنْ كُلِّ عَيْبٍ كَلٖيلَةٌ § وَلٰكِنَّ عَيْنَ السُّخْطِ تُبْدِى الْمَسَاوِيَا

назари бе инсофи ту ва фикри паст ва залили ту ҳаким ва коршинос шуда наметавонад. Маслак ва маром ва кори шуғли дигареро ҳамроҳи ботил дида маҳкум карда наметавонад ва нахоҳад тавонист.

Дастури дуюм: Болои ту ҳақ аст ки: “Ҳар гуфтаи ту ҳақ бояд бошад. Фақат ҳар ҳақро гуфтан ҳаққи ту нест. Ҳар сӯхани ту рост бошад. Фақат ҳар сӯхани ростро гуфтани ту дуруст нест.” Зеро як одаме, ки монанди ту нияташ холис набошад насиҳати туро гӯш намекунад, акси амал мекунад. Ва сӯхани туро аҳмият намедиҳад.

Дастури сеюм: Агар мехоҳӣ, ки адоват куни ба адовате, ки дар қалбат вуҷуд дорад, адоват кун, ба рафъи он кушиш кун. Ҳам ба нафси аммора ва ҳавои нафси худ, ки ба ту бисёр зарар мерасонад адоват кун. Ва ба ислоҳи он кушиш кун. Ба хотири он нафси зарардиҳандаи худ ба мӯъминон адоват накун. Агар мехоҳӣ, ки душмани кунӣ кофирҳо, зиндиқҳо ва бединҳо бисёр аст, ба онҳо адоват ва душманӣ кун. Бале, чи тавре ки сифати муҳаббат ба муҳаббат лоиқ ва муносиб аст, ва хислате ҳамчун душманӣ низ зиёдтар аз ҳар чизи дигар, худ шоистои душманист. Агар мехоҳӣ, ки душмани худро мағлуб кунӣ, ба муқобили бадӣ ва зишти ӯ, хубӣ  кун. Чунки, агар бо бадӣ ва зиштӣ муқобила намоӣ, хусумат ва душманӣ изофа хоҳад шуд. Зоҳиран агар мағлуб ҳам шавад, қалбан кина ва душманӣ хоҳад баст. Адоват ва душманӣ давом хоҳад кард. Агар бо некӣ муқобила намӣ, пушаймон шуда ва ба ту дӯст хоҳад шуд. Аз назари ҳукми:

اِذَا اَنْتَ اَكْرَمْتَ الْكَرٖيمَ مَلَكْتَهُ § وَ اِنْ اَنْتَ اَكْرَمْتَ اللَّئٖيمَ تَمَرَّدًا

мақоми мӯъмин, карим будан аст. Аз икром ва саҳоват ва илтифоти ту ба ту мусаххар ва ром хоҳад шуд. Зоҳиран лаим ва мумсики хасис ва бахил ҳам бошад, аз ҷиҳати имон карим мебошад. Бале ба як одами бад бигӯи, ки ту як одами хуб ҳастӣ ва як одами хуб ва нек хоҳӣ шуд, инро такрор такрор бигӯи як одами нек шудани ӯ, ва ба як одами хуб бигӯи, ки ту як одами бад ҳастӣ ва як одами бад хоҳӣ шуд инро такрор такрор бигӯи, як одами бад шудани ӯ бисёр ба вуқуъ мегардад. Ин тавр бошад ба монанди дастурҳои Қуръонӣ               5وَاِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَامًا ۞ وَاِنْ تَعْفُوا وَتَصْفَحُوا وَتَغْفِرُوا فَاِنَّ اللّٰهَ غَفُورٌ رَحٖيمٌ  гӯш бидеҳ. Саодат ва саломат дар ӯст.

Дастури чорум: Аҳли кина ва адоват ҳам ба нафси худ, ҳам ба бародари мӯъмини худ, ҳам ба раҳмати Илоҳӣ зулм мекунад, таҷовуз мекунад. Чунки, таввасути кина ва адоват, нафси худро дар як азоби алим ва дарднок мегузорад. Аз неъматҳо ва эҳсонот ва хубиҳое, ки ба душмани ӯ ва мухолифи ӯ яъне ба нафари  муқобили ӯ меояд азоб ва аз ғаму ғусае, ки аз тарси ӯ меояд ба нафси худ бор мекунад, ба нафси худ зулм мекард. Агар адоват аз ҳасад биёяд, пас он тамоман азоб аст. Чунки, ҳасад аввалан соҳибашро маҳв мекунад, дар мегиронад. Дар ҳаққи маҳсуд яъне шахси ҳасад шуда ё зарараш кам аст ва ё ҳеч зарар нахоҳад дошт.

Чораи ҳасад: Одами ҳасуд, бояд ба чизҳое, ки ҳасад мекунад, оқибати онро бояд биандешад. То бидонад, ки сарват, мартаба, мақом, қувват, ҳусн ва зебои дунёие, ки рақиби ӯ дорад, фонӣ аст, муввақат аст. Фойдааш кам, заҳматаш бисёр аст. Агар мазияти ухравӣ, яъне ҳаркати нек ва шоиста ӯхравӣ бошад, зотан дар он ҳаракоти ӯхравӣ, ҳасад вуҷуд надорад. Агар дар онҳо низ ҳасад кунад, ё худаш риёкор аст моли ва дорои ӯхравии худро дар дунё маҳв ва нобуд кардан мехоҳад, ва ё ин ки маҳсудро яъне шахси муқобилро риёкор тасаввур мекунад, ба ин сабаб ӯ бе ҳаққӣ, бе адолатӣ ва зулм мекунад.

Ҳам аз мусибатҳое, ки ба шахси муқобили ӯ меояд мамнун ва хушҳол шуда, аз неъмат ва эҳсоноте, ки ба нафари муқобили ӯ меояд маҳзун шуда ба қадру раҳмати Илоҳӣ дар ҳаққи ӯ қаҳр мекунад. Одато ба қадари Илоҳӣ танқид мекунад, ва ба раҳмати Илоҳӣ эътироз мекунад. Касе, ки ба қадари Илоҳӣ танқид кунад, монанди он аст, ки сари худро ба сангдони оҳангаре мезанад ва сари худро мекафонад. Яъне ҳар чӣ қадар, ки сари худро ба сангдони оҳангарӣ бизанад ва ё ба девор ҳам бизанад, қадари Илоҳиро тағир дода наметавонад. Касе, ки ба рахмати Илоҳӣ эътироз кунад, аз раҳмати Илоҳӣ маҳрум хоҳад монд.

Аҷабо, аз як чизе, ки ба душманӣ як рӯза наарзад, як сол бо кина ва душманӣ муқобила карданро кадом инсоф қабул хоҳад кард, ба кадом виҷдон хароб нашуда ва солим ҷой хоҳад гирифт? Дар ҳоле, ки як бадӣ ва ё зиште, ки аз бародари мӯъмини ту ба ту содир шавад, тамоми он бадӣ ва зиштиҳоро ба ӯ ҳавола карда ӯро маҳкум карда наметавонӣ. Чунки:

Аввалан: Дар он қадари Илоҳиро ҳиссае мебошад. Он ҳиссае қадарро ҷудо карда ба муқобили он ҳиссае қадар ва қазо бо ризо муқобила кардан лозим аст.

Сониян: Дар он қусур нафс ва шайтонро низ ҳисса мебошад, пас бояд ту ҳисси нафси шайтониро низ дар назар бигирӣ. Ба ҷое, ин ки ба ӯ душмани кунӣ, ба ӯ дилсӯзӣ ва марҳамат кун. Чунки, нафс ва шайтони ӯ болои ӯ ғолиб омадааст. Пас бояд, ки ту ба надомат (тавба) ва пушаймони ӯ интизор шавӣ.

Солисан: Ту қусури нафси худро, ки намебинӣ ва дидан намехоҳӣ бубин. Як ҳисса низ ба ӯ биде. Баъдан ба муқобили он ҳиссаи хурди боқимонда бо олиҷаноб ва бо афву, ки бисёр бо саломат ва бисёр тез душмани туро мағлуб хоҳат сохта муқобила намои аз зулм ва аз зарар наҷот хоҳӣ ёфт. Вагарна монанди як яҳудии зарфурӯш ва маст ва девона шуда ва шишаҳо ва порчаҳои яхро ба қиматбаҳои алмос мехарад  ба панҷ пул намеарзидани фонӣ, бедавом ва беаҳмияти умури дунёӣ, гуё абадӣ ва доими баробар дар дунё мемонада бошӣ бо як ҳирси шадид ва бо як кинаи доими давомдор бо адоват муқобила кардан, як золимият аст, ва ё як мастӣ аст, ва ё як навъи девонагӣ аст.

Инак, адоват ва фикри интиқом, ки аз назари шахси инқадар музир мебошад. Агар шахсӣ худро дӯст дорӣ, роҳ маде, ки адоват ва фикри интиқом дар қалби ту ҷо бигирад. Агар дар қалбат ҷо гирифта бошад, гуфтаҳои ӯро гӯш макун. Нигоҳ кун, ҳақиқатбин Ҳофизи Шерозиро гӯш кун:

Дунё на матоъест, ки арзад ба низоъе

Яъне: “Дунё онгуна як мато ва моле нест, ки ба як низоъ ва ситеза биарзад.” Чунки фонӣ ва бе давом аст. Ба сабаби фонӣ будан ва бе давом буданаш бе аҳмият мебошад. Ин дунёи бузург ингуна бе аҳмият бошад, чизҳои ҷузъӣ, ки дар ин дунё мавҷуд аст, чӣ қадар бе аҳмият будани онро худат медонӣ!… Ҳам гуфтааст:

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарфаст,

Бо дӯстон мурувват бо душманон мудоро.

Яъне: “Роҳат ва саломатии ду ҷаҳонро ин ду ҳарф тафсир мекунад, сабаби ба даст овардани нафъи он мешавад. Яъне, ба муқобили дӯстон бо мурувват ва инсоф ва ҷавонмардӣ ва самимият муъошират ва муносибат кардан аст ва ба муқобили душманон сулҳомез муомила кардан аст.”

Агар бигӯӣ: Ихтиёр дар дасти ман нест, адоват дар фитрати ман вуҷуд аст, ин хислати душманиро ман раҳо карда наметавонам.

Алҷавоб: Агар аз бадрафторӣ ва бад ахлоқӣ ва аз хислати бад асаре дида нашавад, ва аз ғайбат ва аз чизҳое, ки боиси иқтизо ва лузуми ғайбат мешавад амал карда нашавад, қусури худро ҳам бидонад, зараре нахоҳад дошт. Модоме, ки ихтиёр дар дасти ту нест ва аз адоват ва душманӣ даст бардошта наметавонӣ, айби худро ва бадрафторӣ ва бадахлоқии худро низ медонӣ, инҳоро донистани ту сабаби як пушаймони маънавӣ, як тавбаи махфӣ ва як истиғфори зимнӣ ва пинҳони мешавад, ки туро аз шарри адоват ва душманӣ наҷот медиҳад. Зотан мо ин мактубро навиштем то як истиғфори маънавиро таъмин кунад, ноҳаққӣ ва ноадолатиро ҳақ ва адолат надонад. Душмании барҳақро, ноҳақ бар сари забон наёварӣ.

Ҷои диққат бо як ҳодиса: Як замон натиҷаи ин тарафгирии ғаразкоронаро дидам чунон, ки як диндор аҳли илм, як зоти олими солеҳеро, ки ба фикри сиёсиаш мухолиф буд, ба дараҷаи кофир шуморидан таҳқир кард. Ва як мунофиқе, ки ба фикри худаш буд, бо ҳурмат ва эҳтиром ситоиш кард. Инак, ман аз натиҷаҳои бади сиёсат тарсидам ва гуфтам: 6 اَعُوذُ بِاللّٰهِ مِنَ الشَّيْطَانِ وَ السِّيَاسَةِ‌  

Аз он замон баъд аз ҳаёти сиёсӣ даст бардоштам.

Ҷиҳати панҷум: Бениҳоят музир будани инод ва тарафгириро аз назари ҳаёти иҷтимоӣ баён мекунад.

Агар гуфта шавад: Дар ҳадиси шариф гуфта шудааст:

Ихтилоф бошад, тарафгириро тақозо мекунад.

Ҳам марази тарафгирӣ, авоми мазлумро аз шарри золими хос, наҷот медиҳад. Чунки: Агар табақаи хавоси як вилоят ва ё як деҳа бо ҳам иттифоқ кунанд, авоми мазлумро поймол хоҳанд кард. Агар тарафгири бошад, мазлум ба як тараф паноҳ бурда илтиҷо карда, худро наҷот хоҳад дод. Ҳам аз тасодуми афкор ва тахолифи уқул, яъне ихтилофи ақлҳо ҳақиқат тамоман зуҳур мекунад.

Алҷавоб: Ба саволи аввал мегӯем ки ихтилофе, ки дар ҳадиси шариф аст, як ихтилофи мусбат мебошад. Яъне ҳар яке ба таъмир ва ривоҷи маслаки худ саъю кӯшиш мекунанд. На ба нобуд кардани маслаки якдигар. Балки ба такмил ва ислоҳӣ маслаки якдигар саъю кӯшиш мекунанд. Аммо ихтилофи манфӣ бошад, ғаразкорона, адоваткорона ба тахриби якдигар кӯшиш кардан мебошад, ки аз назари ҳадиси шариф ингуна ихтилофи манфӣ мардуд аст. Чунки, ононе ки бо ҳам ҷангу ҷанчолӣ ва маноқиша мекунанд, наметавонанд, ки бо ҳам ҳаракати мусбат кунанд.

Ба саволи дуюм мегуем ки: Тарафгирӣ агар ба номи ҳақ бошад, ба ҳақдорон метавонад паноҳгоҳе барои аҳли ҳақ бошад. Фақат тарафгирие, ки монанди ҳоли ҳозир ғаразкорона ва ба ҳисоби нафс мебошад, ба но ҳақҳо паноҳгоҳ аст, ки ба онҳо нуқтаи истинод ташкил хоҳад кард. Чунки, як одаме ки тарафгири ғаразкорона кунад, агар назди ӯ як шайтон биёяд ва ба фикри ӯ ёрдам ва кӯмаке кунад, он одам ба он  шайтон раҳмат хоҳад хонд. Агар ба тарафи муқобил ӯ монанди малоика як одам биёяд, ба ӯ ҳошо! Ба дарҷаи лаънат хондан ноҳақӣ ва бе ҳурматӣ нишон медиҳад.

Ба саволи сеюм мегӯем ки: Тасодуми афкоре, ки бо номи ҳақ ва ба ҳисоби ҳақиқатро изҳор карда ва ба ҳисоби ҳақиқат мебошад, дар мақсад ва асос баробар ва бо иттифоқ, дар сабабҳо ихтилоф мекунад. Ҳар гӯшаи ҳақиқатро изҳор карда, ба ҳақ ва ҳақиқат хизмат мекунанд. Фақат аз як тарз тасодуми афкоре, ки тарафгирона ва ба ҳисоби нафси аммораи фиръавнона ва худфурӯшона ва шӯҳратпарварона мебошад, на дурахшишу нуроният  ва нури ҳақиқат, балки аташҳои фитна пайдо мешавад. Чунки, дар мақсади иттифоқ лозим бояд бошад, вале боиси сабаби оташи фитна мешавад. Барои афкори ингуна ашхос, ки сабаби оташи фитна мешаванд, дар кураи замин низ нуқтаи висол ва расидан ба мақсад пайдо нахоҳад шуд. Барои ин ки ба номи ҳақ намебошад. Бениҳоят муфритона ва аз ҳад гузаштагӣ ва беандоза бо туғён ҳаракат мекунанд. Ва ба иншиқоқҳои илтиёмнопазир сабабитият медиҳанд. Яъне ба иншиқоқ ва ҷудоиҳое, ки монанди захмоҳои хуб нашудани боис мешаванд. Ҳоли олам ба ин шоҳид аст.

Алҳосил:  اَلْحُبُّ لِلّٰهِ ۞ وَالْبُغْضُ فِى اللّٰهِ ۞ وَالْحُكْمُ لِلّٰهِ агар ин дастурҳои олии боло, дастури ҳаракот набошад. Нифоқ ва шиқоқ ва ҷудои ба миён хоҳад омад. Бале агар اَلْبُغْضُ فِى اللّٰهِ ۞ وَالْحُكْمُ لِلّٰهِ нагуяд, он дастурҳоро дар назар нагирад, ба ҷойи ин ки бихоҳад адолат кунад, зулм мекунад.

Ҷои ибрат ба як ҳодиса: Як замон ҳазрати Имом Алӣ (р) як кофирро ба замин андохта шамшери худро кушода мехост, ки сари он кофирро аз тан ҷудо кунад. Дар ҳамин лаҳза он кофир болои ҳазрати Алӣ (р) туф кард. Ҳазрати Алӣ (р) кофирро раҳо кард ва накушт. Он кофир ба ҳазрати Алӣ (р) гӯфт ки:

— “Чаро маро накуштӣ”? Ҳазрати Алӣ (р) дар ҷавоб гуфт:

— “Туро ба хотире, ки Аллоҳ (ҷ) амр карда буд мекуштам. Фақат ту болои ман туф кардӣ. Ман ба қаҳр омадам ва ғазабноку хашмгин шудам ва ин ҳиддати ман ба ихлосом зарар расонид, туро ба хотири он накуштам.” Он кофир ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт:

— “Туро ба қаҳр овардам ва хашмгин сохтам, барои ин, ки ту маро зуттар бикушӣ.” Баъдан гуфт: “Модоме, ки дини шумо инқадар соф ва холис мебошад, пас ин дини шумҳо дини ҳақ аст.”

Ҳам мадори диққат ба як воқеа: Замоне як ҳоқим дасти дуздеро қатъ кард, омири одиле, ки бар кораш назорат мекард, ба хотири шиддати амале ки дар ӯ дид эшонро аз вазифааш азл ва барканор кард, чунки агар ба номи шарият ва ба ҳисоби қонуни илоҳӣ дасти он дӯздро қатъ мекард, балки нафси он ҳоким ба он дузд дард мекард. Ва қалбаш низ ҳиддат ва ғазаб нанамуда, фақат марҳамат низ накарда дасти он дуздро катъ мекард. Пас дар ин сурат маълум мешавад, ки он ҳоким ба хотири он ки як ҳисса барои нафси худ аз он хукм ҷудо карда буд, ки ба адолат кор карда натавонист.

Ҷои таассуф ба як ҳолати иҷтимоӣ ва ба як марази мудҳиши ҳаёти иҷтимое, ки қалби Исломро ба гиря оварда аст:

Дар вақти ҳуҷум кардани душманони хориҷӣ, адовату душманиҳои дохилиро фаромӯш карда душманиҳоро раҳо кардан, ки як маслиҳати иҷтимоӣ мебошад, ин маслиҳатро ақвоми бадавӣ, яъне қавмҳои бодиянишин чодарнишин низ тақдир, таҳсин ва татбиқ кардаанд. Яъне он ақвоми бодянишин ва чодарнишин низ ба муқобили ҳуҷумҳо ва зуҳури душманони хориҷӣ аз адовату душмании дохли дасткашида ва иттиҳоду иттифоқ кардаанд. Ин маслиҳати иҷтимоиро татбиқ кардаанд. Пас дар ин ҳол ва аҳволи ононе, ки даъвои хизмат ба Исломро мекунанд чӣ шудааст, ки бо вуҷуди ин қадар душманони беҳаду канор, ки яке паи дигире вазъияти ҳуҷум карданро гирифтанд, адоватҳо ва душманҳои ҷузъии хешро фаромӯш накарда барои ҳуҷуми душманон, заминро омода мекунанд. Ин ҳолат суқут буда ва ваҳшатовар аст. Барои ҳаёти иҷтимои ислом хиёнат аст.

Мадори ибрат ба як ҳикоя: Аз қабилаҳои чодарнишин як қабилае, ки ба номи қабилаи «Ҳасанон» ёд мешуд. Ба сабаби душмани ба ду тоифа тақсим шуда зиндагӣ мекарданд. Дар ҳоле, ки ин ду тоифа аз якдигир аз панҷоҳ нафар зиёдтар кушта буданд. Бо вуҷуди ин ҳам вақти бо яке аз қабилаи дигаре, ки ба номи «Сепкон» ва ё «Ҳайдарон» муқобил мешуданд, он ду тоифа душманиҳои собиқи худро фаромӯш карда шона ба шона дода то рафъ кардани қабилаҳои хориҷӣ душманиҳои дохилии худро ба хотир намеоварданд.

Инак эй мӯъминон! Оё медонед, ки ба муқобили қабилаи Ислом чӣ қадар қабилаҳои душман як вазияти таҳоҷум ва таҷовузро гирифтаанд? Ин қабилаҳои душман. Яке даруни дигаре монанди доирҳое, ки яке дохили дигари ҷогирифтанд аз сад доира зиёдтар ҳастанд. Дар ҳоле, ки ба муқобили ҳар як аз ин доираи душманон тавофуқ, ҳамоҳангӣ, ҳамкорӣ, кӯмак ба якдигар, даст ба дасти ҳамдигар дода, маҷбур ба як вазияти мудофӣ ба муқобили ин душманон мебошем. Бо вуҷуди ин ҳама оё барои осони ҳуҷуми ин душманон ба дохили қалъаи Ислом, дарвозаҳоро боз кардан, тарафгири ғаризкорона намудан ва мақсади адоваткорона кардан оё ба аҳли имон зеб хоҳад дод? Яъне оё ин ҳама кирдори мо ба ҳеҷ як ҷиҳат ба аҳли имон зеб хоҳад дод? Он доираҳои душман аз аҳли залолат ва гумроҳон ва аҳли илҳод гирифта то ба олами аҳли куфр то ба аҳвол ва вазъияти дунё ва то ба мусибатҳо ва балоҳо яке дохили дигари ба муқобили шумо як вазъияти зиёновар ва музир гирифтаанд, ки яке паи дигаре ба шумо бо қаҳру ғазаб ва бо ҳирс ва тамаъ нигоҳ мекунанд. Балки ингуна ҳафтод навъи душман вуҷуд дорад. Ба муқобили тамоми инҳо силоҳ ва сипар ва қалъаи ту ухуват ва бародарии исломи мебошад. Ин қалъаи Исломиро бо душманиҳои хурд ва баҳонаҳо ларзондан ва такондан ва хароб кардан чӣ қадар хилофи виҷдон ва чӣ қадар хилофи маслиҳати исломӣ мебошад, инро бидон ва ҳушёр шав!

Дар ҳодисҳои шариф омадааст ки: Дар охируззамон, ашхоси шарир ва музир ва мунофиқ ва мудҳиш монанди суфиён ва даҷҷол ба қудрат расида идораро ба даст гирифта, аз ҳирс, шиқоқ, ҷудоии Ислом ва башар истифода намуда бо як қуввати кам навъи башарро ба ҳараҷу мараҷ андохта ва олами бузурги Исломро таҳти асорат мегирад.

Эй аҳли имон! Агар намехоҳед, ки дар зиллат, хору зорӣ ва бадбахтӣ ва таҳти асорот бимонед, ақлатонро ба саратон бигиред! Ба муқобили золимоне, ки аз ихтилофатон истифода мекунанд, дар қалъи муқаддаси    7اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ   дохил шавед. Дар ғайри он, на ҳаёти худро муҳофиза карда метавонед ва на ҳуқуқи худро мудофиъа карда хоҳед тавонист. Маълум аст, ки дар вақти даст ба гиребон гирифта ва ҷанг кардани ду қаҳрамон як кӯдак ҳар дуи онҳоро зада хоҳад тавонист. Дар як мизон ду кӯҳ ба муқобили якдигар дар вазн ва муодил бошад, як санги хурд мувозинаи он кӯҳҳоро хароб карда бо он ду кӯҳ бозӣ карда хоҳад тавонист. Яъне якеро боло якеро поён хоҳад овард.

Инак эй аҳли имон! Аз ҳирс ва тамаъҳои шумо ва аз тарафгириҳои хусуматкорона ва душманони шумо қуввати шумо ҳеҷ хоҳад шуд. Бо як қуввати кам поймол шуда хоҳед шуд. Агар ба ҳаёт ва зиндагии иҷтимоии худ алоқа дошта бошед, дастури олии  اَلْمُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِ كَالْبُنْيَانِ الْمَرْصُوصِ يَشُدُّ بَعْضُهُ بَعْضًا  ро дастури ҳаёт намоед, аз сафолати дунявию шақовати ухравӣ наҷот биёбед! Яъне аз пастӣ, тангдастӣ, бадбахтӣ, фақр, зиллати дунёӣ, шақоват, зулм ва бадии ухравӣ наҷот пайдо кунед.

Ҷиҳати шашум: Ҳаёти маънавӣ ва сиҳати убудият бо адовату душманӣ ва инод, хароб мешавад.

Чунки: Ба сабаби адоват ва инод ихлос, ки воситаи халос ва василаи наҷот аст, ба бефоида пароканда мешавад. Зеро як тарафгири якравӣ ба хотири амалҳои хайри худ ба нафари муқобили худ, бузургӣ ва болоӣ хаҳад хост. Ба амали холисан ливаҷҳиллоҳи онқадар мувофиқ нахоҳад шуд. (яъне бо амали холис ба ризоии Худо (ҷ) мувофиқ нахоҳад шуд.) Ҳам дар ҳукм ва муомилоти худ тарафгири худро тарҷеҳ хоҳад кард, адолат карда нахоҳад тавонист. Инак, дар ин сурат ихлос ва адолат ки асосҳои афъол ва амалҳои хайрия мебошад, бо хусумату душмани нопадид шуда ва аз байн меравад.

Ин ваҷҳи шашум бисёр дароз аст. Фақат ба хотири кӯтоҳ ва мухтасар будан қабилияти мақом хулоси калом мекунем.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо