Ақли инсон мақсадҳои воло ва меваҳои ҷовидонаро мехоҳад…

Нуқтаи панҷум

Инсон фитратан хело заиф аст ва бо вуҷуди ин ранҷ, андўҳ ва ғамҳои зиёде ўро интизор аст. Инсон хело нотавону заиф аст ва бо вуҷуди ин душманону мусибатҳои ў хело зиёданд. Инсон хело ниёзманд аст ва ҳоҷатҳои ў зиёду фаровонанд. Инсон танбалу нотавон аст, бо вуҷуди он заҳматҳои дунё вазнину гарон аст. Инсонияти ў ўро бо тамоми ин олам дар иртибот қарор дода аст, вале дўстон ва маҳбубонаш ночор аз ў ҷудо мешаванд ва он чи бо онҳо унс гирифтааст, нобуд мегарданд ва ин кор ўро ба дард меоварад. Ақли инсон мақсадҳои воло ва меваҳои ҷовидонаро мехоҳад, вале ў дасти кўтоҳ, умри кам, тавони маҳдуд ва сабри камтар дорад.

Пас рўҳи одамизод дар ин ҳолат (дар вақти бомдод) хело ниёз ба он дорад, ки бо дуо ва намоз дари тавонои Зулҷалолу дари меҳрубони зеборо бикўбад, аҳволи худро дар пешгоҳи Ў баён кунад, аз Ў муваффақият ва кумак талаб намояд. Ин рўҳ ниёз ба такягоҳе дорад, то он корҳоеро, ки фардо субҳ бар сари ў меоянд, таҳаммул намояд ва он вазифаҳоеро, ки бар дўш хоҳад кард, бардошт намояд. Оё инро бадоҳатан наметавон эҳсос кард?

(Дар вақти пешин). Ин вақт авҷи камоли рўз буда, замони ба тарафи завол майл кардани Офтоб аст, он вақти ба камол расидани корҳои рўзона мебошад, замони истироҳати муваққатист аз заҳмати корҳои анҷомшуда, замони ниёзи рўҳи инсоният аст аз корзори ин дунёи фонӣ ва машаққатҳои он ба монанди ғафлату ҳайрату нооромиҳо илова бар он ки дар ин лаҳза нишонаҳои волои қудрати Илоҳӣ пайдо мегардад.

Пас, раҳо ёфтани рўҳи инсон аз ин тангиҳо ва халос ёфтани ў аз ин ғафлату ҳайратзадагӣ ва баромадани ў аз ин корҳои пасту нобудшаванда, танҳо бо рўй овардан ба даргоҳи пояндаю ҷовидон бо ҳама намуд зораю тавалло, ки соҳиби неъмати ҳақиқӣ Ўст, сурат хоҳад гирифт. Ин корро бо баланд намудани дастони худ ва рўй овардан ба сӯи Ў, ба ин ҳама неъматҳои бепоёнаш шукри Ўро гуфтан, танҳо кумакро аз Ў талабидан, аҷзу нотавонии худро дар пеши азамат ва бузургии Ў зоҳир намудан, бо бузургӣ дар баробари камоли бепоёни Ў ва ҷамоли беҳамтои Ў рўй ба саҷда овардан метавон анҷом дод. Ин аст адои намози пешин ва чи зебост он, ва чи лазизасту чи сазовор аст ва чи аҳамияте дорад! Аз ин сабаб, одамизод агар инро намефаҳмида бошад, набояд худро инсон ҳисобад.

(Дар вақти намози аср). Ин замон мавсими тирамоҳ ва ҳолати аламовари пиронсолӣ ва рўзгори пуралами охири замонро ба ёд меорад ва он замони натиҷагирии корҳои дар рўз анҷом додашуда мебошад. Он  лаҳзаи ҳосил намудани маҷмўъи ҳамаи неъматҳои Илоҳист ба монанди истифода аз саломатӣ ва сарфароз шудан бо неъмати саломатӣ ва тавони анҷоми корҳои нек. Ҳамчунин вақти эълони он аст, ки инсон меҳмони вазифадор аст ва ин ки тамоми чизҳо бесубот ва беқароранд ва рафтани офтоби бузург ба ғуруб худ нишонгари он аст.

Бале, рўҳи инсоният, ки хоҳони абадият ва ҷовидонагист, он ки барои ҳамешагию абад офарида шудааст, ошиқи некӣ буда, аз ҷудоӣ дард меёбад, ин инсонро ба по мехезонад, то дар вақти намози аср таҳораташро дуруст намуда, намозашро барпо дорад. Бо тазаррӯъ дар пешгоҳи дари Ҳазрати Ҷовидонаи азалию поянда ва корсозу ҷовидона даст ба муноҷот бизанад, то ин ки аз фазли беканори раҳмати Ў илтиҷо намояд ва бар неъматҳои бешумораш шукру сипос ба ҷо оварад. Бо ҳама хорию зорӣ дар пешгоҳи иззати парвардгорияш рукўъу хушўъ намояд ва бо тамоми тавозўъ ва фурўтанӣ дар пешгоҳи улуҳияти ҷовидонааш ба саҷда равад, то таслияти ҳақиқӣ ва роҳати пурраро барои рўҳи худ бо бандагии пурра ва бо омодагии том дар пешгоҳи азамати бузургии Ў дарёбад. Чи вазифаи олие дар адо намудани намози аср бо ин маъно дида мешавад ва чи хизмати сазоворест дар он. Балки аҷаб вақтгузаронии хубест дар адои қарзи фитрӣ ва чи бузург дастёбиест ба саодати хело лазиз. Пас, агар касе дар воқеъ инсон бошад, инро мефаҳмад.

(дар вақти ғуруб). Ин вақт ғуруби махлуқоти нозуку зебои олами тобистон ва тирамоҳро дар сандуқи амонатҳо дар оғози зимистон ба ёд меоварад ва ҳамчунин вақти даромадани инсон баъди марг ва ҷудоӣ аз дўстон дар қабрро ба ёд меоварад. Ин замон марги тамоми дунё бо як ларзиши мастӣ ва гузаштани тамоми истиқоматкунандагони он ба олами дигарро ба ёд меорад. Ҳамчунин хомўш шудани чароғи олами имтиҳонро ба хотир меорад он вақти бедории қавист ва замони тарси сахт барои ононест, ки маҳбубҳои худро, ки дар паси уфуқи нестӣ пинҳон мешаванд, ба ҳадди ибодат дўст медоранд барои ҳамин инсоне, ки ба монанди оина рўҳи поку мусаффо дорад ва фитратан муштоқи таҷаллои ҷамоли ҷовидона мебошад, барои анҷоми намози шом дар ин вақт рўи худро ба тарафи арши азамати Зоте менамояд, ки қадим ва ҳамеша аст, он Зотест, ки боқӣ ва ҷовидона аст ва Ўст, ки корҳои ин олами бузургро тадбир мекунад ва онҳоро дигаргун месозад. Бо ҳамин услуб бо садои “Аллоҳу акбар”-и худ аз болои сари ин махлуқоти фонишаванда ва бо раҳо намудани дасти худ аз олам, онро дар пеши хидмати мавлои худ зери бағал мениҳад ва ҳангоми қиём рост меистад. Сипас дар пешгоҳи Зоте, ки ҳамеша қоим ва доим аст, дар аснои қиём мегўяд: “Алҳамдулиллоҳ”.

Вай дар пешгоҳи камоли безаволи Ў, дар баробари ҷамоли бевисоли Ў ва дар пешгоҳи раҳмати бепоёни Ў истода,  اِيَّاكَ نَعْبُدُ وَ اِيَّاكَ نَسْتَعِينُ19   мегуяд, ва ў бо ин суханон бандагӣ кумакталабии хешро дар пешгоҳи парвардигории Ў, ки ҳамто надорад пешниҳод намуда, дар баробари улуҳияти бешарики Ў, дар пешгоҳи азамати бепоёнаш, дар баробари тавони беканораш ва дар баробари салтанати беназираш иқрор мекунад. Дар ҳоле ки Парвардигори бузургашро бо ибораи 20سُبْحَانَ رَبِّىَ الْعَظِيمِ тасбеҳ мегўяд, дар баробари ҷамоли Зоти ў, ки ҳамеша аст, дар пеши сифатҳои поки Ў, ки дигаргун намешавад ва дар пеши камоли ҷовидонаи Ў, ки табдил намеёбад, ба суҷуд меравад. Ў бо ин кор муҳаббат ва бандагии худро дар мунтаҳои фонӣ шудан ва хорию зорӣ эълон менамояд. Ў ғайри Худованд ҳамаро тарк гуфта, садо баланд мекунад, ки  21سُبْحَانَ رَبِّىَ اْلاَعْلَى  ва бо ин гуфта Зоти зебои меҳрубони ҷовидонро ба ҷои ҳамаи ашёи фонӣ ба даст меорад. Пас ў Парвардигори волои худро ба покӣ ёд мекунад, ки Ў аз ҳама гуна нуқсону камбудӣ пок аст ва бо ҳамин барои хондани ташаҳҳуд менишинад. Пас таҳияҳо ва салавоти поке барои тамоми махлуқот аз номи худ ба хотири он поке, ки ҳамеша аст ва он бузурге, ки абадист, тақдим мекунад ва байъати худро ба Паёмбари бузургвор (с.а.в.) бо фиристодани салом ба ў таҷдид ва тоати худро аз дастури ў эълон мекунад. Пас, ин инсон интизомро дар қасри ин коинот мушоҳида мекунад ва тамоми мавҷудотро бар ваҳдонияти созандаи соҳибҷалол шоҳид меорад. Бо ҳамин тариқ, имони худро таҷдид намуда, ба он нур меафзояд. Баъди он шаҳодат медиҳад ба овардани далили парвардигории Худованд, расонандаи ризои Ў ва тарҷумони оятҳои олами бузург шаҳодат медиҳад, ки он ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) мебошад. Чи зебою чи покест барпо доштани намози шом (бо ин мафҳум), чи вазифаи муҳимест он, чи кори азизу бузургу ширинест, чи бандагии зебою лазизест ва чи ҳақиқати асилу азимест! Бо ҳамин тариқ, мо мебинем, ки чи гуна он сўҳбати накў, нишасти бо баракат ва саодати ҷовидонаест дар мисли чунин меҳмонии ниҳоӣ. Оё касе, ки ин ҳамаро намефаҳмад, метавонад худро инсон ҳисобад?

 (дар вақти намози хуфтан). Ин вақтест, ки ҳатто он боқимондаи рўз дигар дар уфуқ пинҳон мешавад ва шаб хаймаашро бар олам мезанад ва корҳои илоҳиро ба ёд меорад, ки Ў дар воқеъ مُقَلِّبُ الَّيْلِ وَ النَّهَارِ22 аст. Ўст тавонои Соҳибҷалол дар табдил додани ин саҳифаи сафед ва саҳифаи сиёҳ. Ҳамчунин иҷрооти илоҳӣ مُسَخِّرُ الشَّمْسِ وَ الْقَمَرِ23 -ро ба ёд меоварад. Ўст ҳакими соҳибҷалол дар баргардонидани саҳифаи сабзи зиндадодашудаи баҳор ба саҳифаи сафеду сарди зимистон. Ҳамчунин амалиёти Худованд, “Офаридани маргу зиндагӣ”-ро ба ёд меорад, ки бо мурури замон осори аҳли қабристонҳоро аз ин дунё бурдани ононро куллан ба олами дигар интиқол менамоянд. Ин вақтест, ки корҳои Худованди бузург, таҷаллиёти ҷамоли офарандаи замину осмон, ин кишофи олами дигари васеъу кушод ва ҷовидонаи бузург, марги дунёи тангу фонии ҳақир ва нобудии пурраи он ба тамоми фиребандаҳояш дар зеҳн меояд. Ин замон ва ё ҳолатест, ки собит мекунад, ки соҳиби ҳақиқии ин олам, балки ҳақиқӣ ва маҳбуби воқеии он танҳо касе метавонад бошад, ки тавонад шабу рўз, зимистону тобистон ва дунёу охиратро ба осонӣ, ба мисли осонии варақ задани саҳифаи китоб дигаргун созад ва тавонад дар он китоб ҳарчиро хоҳад, дарҷ намояд ва ё онро маҳв кунаду дигаргун созад. Инро танҳо тавони мутлақе метавонад, ки ҳукми Ў дар ҳамагон гузарост.

Бо ҳамин тариқ рўҳи башарият, ки дар мунтаҳои нотавонӣ ва ниҳояти ниёзмандию камбағалист, аз торикиҳои оянда дар ҳайрат афтода, аз дигаргуниҳои рўзгор дар хавф аст. Инсонро ҳангоми адои намози хуфтан бо ин мафҳум, бар он равона мекунад, ки ҳеҷ биму тарсе надошта бошад, то ба монанди ҳазрати Иброҳим (а.с.) ибораи  لاَ اُحِبُّ اْلآفِلِينَ24 -ро ба забон орад. Пас, бо намози худ ба даргоҳи Зоте рўй оварад, ки маъбуди ҳамешагӣ ва маҳбуби абадист, дар ҳоле ки боқии ҷовидонаро дар ин дунёи фонӣ, олами фонӣ, ҳаёти зулмонӣ ва ояндаи пўшида илтиҷо намояд, то бо ин нишасти андаке, ки бо ў дорад ва бо муноҷоти кўтоҳаш дар гўшаҳои дунё нурро паҳн намояд ва ояндаи ўро нўронӣ намуда, дарди нобудӣ, ҷудоиро аз он чи дўст медорад, ба монанди ашё, дўстон ва ёрону рафиқон барояш осон намояд. Бо мушоҳидаи таваҷҷўҳи раҳмати бахшандаи меҳрубон ва талаби нури ҳидояти Ў ин дунёеро, ки ўро фаромўш карда аст, дунёеро, ки дар паси пардаи шаб пинҳон аст, фаромўш мекунад. Пас дар ин сурат дар пешгоҳи даргоҳи раҳмати Ў ибрати қалб ва оромии дилро ба даст меорад ва бад-ин ў ба адои вазифаи бандагии худ мепардозад, пеш аз он ки ба оламе равад, ки оқибаташ номаълум буда, намедонад, ки бар сари ў чи меояд ва он ҳамон хоб аст, ки ба марг монандӣ дорад ва то ин ки дафтари имрўзаи худро бо беҳтарин хотима пўшонад. Барои ҳамин ба адои намоз бармехезад ва худро ба ҷои маҳбубҳои фонӣ дар пешгоҳи маъбуду маҳбуби ҳамешагӣ рост мекунад ва ба ҷои истодан дар пеши оҷизону талбандагон, дар пешгоҳи тавонои карим ба қиём мепардозад. Ў худро дар пеши ҳазрати нигаҳдори меҳрубон меандозад, то аз шарри касоне, ки аз онҳо хавф дорад, ба монанди махлуқоти зараровар, раҳо ёбад. Ў намози худро бо сураи “Фотиҳа” оғоз мекунад, яъне ў Парвардигори оламиён ва бахшандаи меҳрубонро мадҳу сано мегўяд. Ў на махлуқотеро мадҳу сано мегўяд, ки лоиқу сазовори мадҳу тавсиф нестанд, балки онҳо ноқису фақир буда, инсонро дар зери бори миннат қарор медиҳанд, балки Зотеро, ки камоли мутлақ ва бениёзи мутлақ танҳо Ўст, мадҳ мегўяд. Пас, ин инсон бо вуҷуди он ки  дар асл заиф, ночиз ва хурд аст, ба сабаби ибодати худ ба мақоми меҳмони бузургии ин олам ва ба мақоми корманди мўҳтарам бардошта мешавад. Ин ибодат ўро ба мақоме мерасонад, ки Худовандро хитоб мекунад: 25اِيَّاكَ نَعْبُدُ яъне ў худро ба соҳиби рўзи ҷазо ва султони азалию абадӣ нисбат медиҳад ва дар пешгоҳи Ў ин суханро мегўяд: 19اِيَّاكَ نَعْبُدُ وَ اِيَّاكَ نَسْتَعِينُ ибодат ва кўмакталабиҳои ҷамоати бузург ва ҷомеаи азими тамоми махлуқот роҳнамоӣ ба сўи роҳи ростро, ки он роҳи нурониест, ки ба сўи саодати абадӣ мерасонад, бо роҳи номаълуми оянда бо ин ибора талаб менамояд: اِهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ26 Ў дар бузургии Худованди мутаъол андеша намуда, фикр мекунад, ки ин офтобҳои пинҳоншуда, яъне тамоми набототу ҳайвонот, ки акнун дар хобанд ва ин ситорагони бедор лашкари итоаткунандаи ром шудаанд ў дар пеши фармони Илоҳӣ ва ҳар яки инҳо танҳо чароғе мебошанд дар меҳмонхонаи Ў ва ҳар яки онҳо ходими коркунандае ҳастанд. Пас, забон ба такбир кушуда мегўяд: “Аллоҳу акбар” ва бо ҳамин ба рукўъ меравад. Сипас, дар саҷда ба бузургии холиқи тамоми махлуқот меандешад, ки чигуна ҳама мавҷудот дар тўли сол ва дар ҳар давру замон ба монанди махлуқоти ҳамакнун дар хобрафта, балки ҳатто худи замин ва ҳатто тамоми олам ҳамчун лашкари низомии Ў мебошанд. Инҳо ба монанди аскарбачаи мутеъ, замоне ки аз вазифа бо дастури 10كُنْ فَيَكُونُ яъне, замоне ки ба олами ғайб фиристода мешаванд, дар ниҳояти бонизомӣ дар бисоти нестшавӣ такбиргўён, “Аллоҳу акбар” ба саҷда мераванд. Онҳо ҳама дар баҳор боз ба ҳамин тариқ ё монанди он бо садои “зинда шавед!” ё “бедор шавед!”, барангехта мешаванд ва дубора зинда мешаванд, ки аз дастури كُنْ فَيَكُونُ10 содир мешаванд. Пас, ҳамагон бо ҳузур ва итоат ба амри Худованди барҳақ сари худ хам мекунанд. Пас, ин инсони заиф ба ин ҳама махлуқот иқтидо намуда, рўй ба саҷда дар пешгоҳи китоби Парвардигори Соҳибҷалолу Соҳибкамоли меҳрубон меорад, дар ҳоле ки “Аллоҳу акбар”, мегуяд дар сурате ки ўро муҳаббати бепоён ва фаношавии куллӣ дар пеши Зоти Пояндаи соҳиби иззат фаро гирифтааст.

Пас, бидуни шак, эй бародар, ту инро фаҳмидаӣ, ки барпо намудани намози хуфтан баланд шудан ва тараққӣ ёфтан аст ва он ба меъроҷ шабоҳат дорад. Намози хуфтан аҷоиб вазифаи хуш, аҷаб фарзи ширин, чи хидмати олӣ, чи бандагии лазизу азиз ва аҷаб чизи лоиқ ва сазоворест ба ҳақиқати асил.

Яъне, тамоми вақтҳо аз ин вақтҳои зикршуда ба як инқилоби бузург ишора мекунанд  ва нишонаҳое ҳастанд ба иҷрооти Павардигори Азим ва аломатҳоянд барои неъматҳои кулли Илоҳӣ. Барои ҳамин тахсис додани намозҳои фарзӣ, ки он дар ин вақтҳои муаян қарзи табиист, далолат ба мунтаҳои ҳикмат мекунад.

سُبْحَانَكَ لاَ عِلْمَ لَنَا اِلاَّ مَا عَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى مَنْ اَرْسَلْتَهُ مُعَلِّمًا لِعِبَادِكَ لِيُعَلِّمَهُمْ كَيْفِيَّةَ مَعْرِفَتِكَ وَ الْعُبُودِيَّةَ لَكَ وَ مُعَرِّفًا لِكُنُوزِ اَسْمَائِكَ وَ تَرْجُمَانًا ِلآيَاتِ كِتَابِ كَائِنَاتِكَ وَ مِرْآتًا بِعُبُودِيَّتِهِ لِجَمَالِ رُبُوبِيَّتِكَ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ اَجْمَعِينَ وَ ارْحَمْنَا وَ ارْحَمِ الْمُؤْمِنِينَ وَ الْمُؤْمِنَاتِ آمِينَ بِرَحْمَتِكَ يَا اَرْحَمَ الرَّاحِمِينَ

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо