Агар Паёмбар (с.а.в) дар тамоми кору кирдори худ ғайриоддӣ ва берун аз тарзи одамизод мебуд…

ИШОРАИ ЧОРУМ

Он чи Паёмбар  (с.а.в) бо дастуроти илоҳӣ, ки ҳама ғайбро доност, аз умури ғайбӣ хабар додааст, хело зиёд ва аз доираи ҳисобу шумора берун аст. Мо дар ибораи бисту панҷум, ки хос дар мавзӯи эъҷози Қуръон буд, ишора намуда,  чандин далелҳо оварда будем. Аз ҳамин сабаб, барои ошноӣ ба хабарҳои ғайбӣ, ки вобаста ба замонҳои гузашта, паёмбарони пешин, ҳақиқатҳои илоҳӣ, ҳақиқатҳои олам ва ҳақиқатҳои охират аст, метавон дар ин хусус ба ҳамон ибора муроҷиат намуд. Аммо дар ин ҷо мо баъзе мисолҳоро дар хусуси хабарҳои ғайбӣ, ки ба олу асҳоби Паёмбар (с.а.в) мерасанд, хоҳем овард, ки баъди вафоти Паёмбар (с.а.в)  рух додаанд ва ҳамчунин хабарҳо дар хусуси он ки бар сари умматони ӯ дар ояндаҳо чи чизҳо хоҳад омад, зикр хоҳад шуд. Барои пурра расидан ба фаҳми ин ҳақиқат мо пеш аз оғози баҳс шаш асосро ҳамчун муқаддима пешкаш менамоем:

Асоси аввал. Тамоми ҳолатҳои Паёмбар (с.а.в)  ва ҳама ашколи ӯ метавонад далеле бар рост будани ӯ ва шоҳиде барои паёмбарии ӯ (с.а.в) бошад, вале ин маънои онро надорад, ки тамоми афъол ва кирдори ӯ ғайриоддӣ буданд. Сабаби ин дар он аст, ки Худованди пок ӯро ҳамчун инсон ба Паёмбар (с.а.в) баргузид, то бо ҳама гуна ҳаракоту рафтори худ имом ва роҳнамое барои тамоми башарият бошад ва то ин ки барои онҳо саодати дунё ва охиратро биёварад ва ба онҳо корҳои ҳайратовари Парвардигор ва тавони ҳайратангези ӯро баён кунад, ки ин худ дар ҳадди зоташ муъҷиза аст.

Агар Паёмбар (с.а.в)  дар тамоми кору кирдори худ ғайриоддӣ ва берун аз тарзи одамизод мебуд, ҳаргиз наметвонист ӯ барои дигарон намунае бошад, ки ба ӯ иқтидо намоянд ва имкон надошт то бо рафтор, гуфтор ва кирдори худ имом ва пешвои дигарон бошад. Аз ҳамин сабаб, ӯ ба муъҷизаҳои худ рӯй намеовард, магар гоҳ-гоҳ ва ин ҳам бошад, ҳангоми ҳоҷат ва барои он ки паёмбарии худро дар назди кофирони саркаш исбот намояд. Вақте тақозои таклифи илоҳӣ бар асоси имтиҳону санҷиш қарор дорад, аз ҳамин сабаб муъҷиза боиси он намегардад, ки инсон хоҳу нохоҳ ҳатман бояд имон орад. Зеро асрори имтиҳон ва ҳикмати санҷиш якҷоя онро тақозо мекунанд, ки дар баробари ақл роҳи интихобро бо кашида гирифтани ирода набанданд. Агар муъҷиза бадоҳатан зоҳир мешуд ва ақлро маҷбур мекарданд, то онро бовар кунад, ҳаргиз барои ақл интихоб боқӣ намемонд ва Абӯҷаҳл ҳам ба монанди Абӯбакр (р) имон меовард ва дар ин сурат фоидаи таклиф ва ҳадафи имтиҳон аз байн мерафт ва дар натиҷа, инсонҳои пок бо инсонҳои паст омехта мешуданд.

Аммо он чизе, ки даҳшат ва ҳайратро меорад, ин аст, ки дар ҳамон лаҳзае, ки ҳазорон инсонҳо аз ҷинсҳои гуногун ба муъҷизаҳо, ба суханон ва ҳатто ба як нигоҳ кардан ба чеҳраи мубораки Паёмбар (с.а.в)  ё ба дигар далоили паёмбарии ӯ имон оварданд. Ҳамчунин ҳазорон олимону муҳаққиқону мутафаккирини барҷаста ба ӯ имон оварданд ва инро метавон аз ривоятҳои таҳқиқшуда ва нақли осори онҳо дарк намуд. Акнун ман мегӯям оё ин боиси тааҷуб намешавад, ки бадбахтони ин замон ин ҳама далелҳои равшанро мушоҳида мекунанд ва гӯё ин ҳама барои имон овардани онҳо кофӣ набошад ва аз ҳамин сабаб аст, ки онҳо дар гирдоби гумроҳӣ сарсон гаштаанд.

Асоси дуюм. Паёмбари бузургвор (с.а.в)  инсон аст. ӯ бо мардум дар асоси ҳамин инсонияти худ муомила мекунад. Дар айни ҳол ӯ Паёмбар (с.а.в) аст ва дар асоси ин паёмбарии худ ӯ сухангӯи амини Худованди мутаол ва таблиғгари содиқи дастуроти Худои мутаъол аст. Пас, рисолати ӯ бар ҳақиқати ваҳй такя мекунад ва ваҳй ду намуд мешавад:

а) Ваҳйи ошкоро, ба монанди Қуръони карим ва баъзе ҳадисҳои қудсӣ. Пас, Паёмбар (с.а.в) дар ин намуд ваҳй танҳо расонанда аст, бе ин ки дар ин намуд ваҳй ҳаққи тасарруф ва ё дахолат дошта бошад.

б) Ваҳйи нисбӣ ва он ҳамон намуди ваҳй аст, ки хулоса ва муҷмали он аз тариқи ваҳй ва илҳом аст, аммо тасаввур ва тафсилоти он бар худи Паёмбар (с.а.в) бармегардад. Барои мисол баёни ҳодисае, ки дар оянда рух медиҳад, аз ваҳй мебошад, аммо тасвири он ҳодисаро ё Паёмбар (с.а.в) бо такя бар ваҳй ва илҳом баён мекунад ва ё бо фаросати шахсии худ онро шарҳ медиҳад. Ва ин тасвиреро, ки Паёмбар (с.а.в) бо иҷтиҳоди шахсии худ баён мекунад, онро ё бо ҳамон қувваи дониши волои худ ва дар асоси рисолаташ баён мекунад ва ё онро бо ҳамон хусусиятҳои башарии худ ва ба ҳамон сатҳе, ки дар урфи мардум, одат ва афкори онҳо маъруф аст, баён месозад.

Барои ҳамин ба тамоми тафсилоти ҳар ҳодисаи бузург набояд аз нигоҳи ваҳй назар намоем ва дар айни ҳол набояд асароти бузурги рисолати Паёмбар (с.а.в) ва афкори ӯро, ки аз сар мегузаронад, аз рӯйи инсон буданаш назар намоем. Аз сабаби он ки баъзе воқеаҳо ба сӯйи ӯ аз роҳи ваҳй муҷмалан расонида мешаванд ва ӯ аз рӯйи фаросати худ ва ё аз рӯйи урфу одати умумӣ онро шарҳу эзоҳ менамояд, барои ҳамин лозим аст то гоҳо ин намуд илҳомотро, ки ин тасаввур онро дар бар мегирад, шарҳу равшанӣ андохта шаванд, зеро баъзе ҳақиқатҳо ба зеҳн аз роҳи мисол ворид мешаванд. Масъалан, боре мардум дар назди Паёмбар (с.а.в) нишаста буданд ва садои ҳавлнокеро шуниданд. Пас Паёмбар (с.а.в) инро шарҳ дода чунин гуфтанд:

      «Ин садои сангест, ки ҳафтод сол қабл ба оташ андохта шуда буд ва он санг ҳамчунон тарафи поёни Дӯзах мерафт ва ҳамакнун ба қаъри Дӯзах афтод».

Аз миён як соат нагузашта буд ва марде омаду гуфт, ки фалон мунофиқи машҳуре, ки умраш аз ҳафтод гузашта буд, мурд ва ба ҷаҳаннам рафт, ки бад ҷоест. Пас ин худ таъвилест барои ин ташбеҳи пурмазмуне, ки Паёмбар (с.а.в) онро пештар гуфта буд.

Асоси сеюм. Асарҳои ривоятшуда агар мутавотир бошанд, пас собит будани онҳо қатъист ва ифодаи яқинро мекунанд. Мутавотир ду намуд мешавад:

Якум, мутавотири ошкор ва ё мутавотири лафзӣ.

Дуюм. Мутавотири маънавӣ ва ин дар навбати худ боз ба ду қисм ҷудо мешавад:

Қисми аввал, аз тариқи хомӯш истодан, ба маънои он ки раъйи худро бо хомӯш шудан зоҳир мекунад. Масалан, вақте як инсон ҷамоати худро дар бораи ҳодисае, ки дар ҳузури онҳо рух додааст, хабар бидиҳад ва онҳо суханони ӯро рад накунанд, балки бо хомӯшӣ гуфтаҳои ӯро таъйид кунанд, ин маънои онро дорад, ки онҳо вуқӯи ин ҳодисаро қабул доранд ва хусусан, ҳангоме ки ин ҳодисаи нақлшуда ба худи ҳамин ҷамоат тааллуқ дошта бошаду ҷамоат тавони онро дошта бошад, ки онро рад кунад ва ё ривоятро ислоҳ намояд, ононе ки аслан хаторо намепазиранд, балки дурӯғро як кори бад меҳисобанд, дар сурате, ки бо шунидани хабаре хомӯширо интихоб мекунанд, ин далолат бар он мекунанд, ки ин воқеа дар ҳақиқат рух додааст.

Қисми дуюм, мутавотири маънавӣ. Иттифоқи мардум бар як андозаи муайяни воқеа аст, агарчи ривоятҳо гуногун бошанд.

Масъалан, вақте мегӯянд як коса таом дусад мардро сер намудааст ва ононе, ки ин ривоятро кардаанд, онро бо суратҳои гуногун мушоҳида намудаву бо ибораи мухталиф онро ривоят карданд.

Яке мегӯяд сад мард, дигаре се сад мард, яке мегӯяд ду коса таом буд ва ҳамин тариқ ривоятҳо гуногунанд, вале мебинем ҳамагон дар вуқӯи ин ҳодиса иттифоқ доранд ва он ин аст, ки таоми андак тавонист инсонҳои зиёдеро сер кунонад. Пас, ин ҳодиса дар шакли умумаш аз лиҳози маъно мутавотир аст ва ин суратҳои ихтилоф ба рост будани он зарар намерасонанд. Аҳёнан баъзе хабарҳои оҳод бо доштани баъзе шартҳои муайян метавонад монанди хабари мутавотир ҳукми қатъиро бигирад ва бо ҳуҷҷатҳои берун аз ин хабар метавонад қотеъона бошад.

Бо ҳамин тариқ, қисмати бештаре аз он чи ба мо аз далоили Паёмбар (с.а.в) ва муъҷизаҳои ӯ расидааст, он тавассути мутавотири ошкору сареҳ ва ё бо тавотури маънавӣ ва қисмате ҳам бо хабарҳои оҳоде, ки бо доштани шурути муайян онро олимони илми ҳадису илми ҷарҳу таъдил мавриди қабул қарор доданд, ҳукми он ҳам монанди мутавотир аст. Бидуни шак, агар хабари оҳодро муҳаддисон ва муҳаққиқоне аз соҳибони сиҳоҳи шашгона қабул намудаанд ва алалхусус, Имом Бухорӣ ва Имом Муслим ва чунончи маълум аст, соҳибони ин сиҳоҳ ҳамагон ҳофизони бузургворе буданд, ки на камтар аз сад ҳазор ҳадисро ҳифз намуда буданд ва вақте мебинем ин олимони барҷаста ба он розӣ гаштаанд, ҳамон олимоне, ки намози бомдодро бо таҳорати хуфтан мегузоштанд ва инро дар тӯли панҷоҳ сол такрор менамуданд, пас мо мегӯем агар инҳо дуруст будани хабари оҳодро қабул намудаанд, пас дар қатъӣ будани он ҳеҷ шаке намемонад ва ҳукми он аз тавотур ҳеҷ камие надорад.

Бале, олимони илми ҳадис ва мунаққидони он дар ин фан хело мутахассис гашта, дар шинохти суханони волои Паёмбар (с.а.в) малака касб намудаанд,ба пурарзиш будани ибораронии ӯ ва тарзи баёни ӯ ошно гардидаанд ва тавони онро доранд, ки суханони ӯро аз дигар суханон ҷудо намоянд. Онҳо агар ҳадиси мавзӯеро дар миёни садҳо ҳадис пайдо кунанд, онро як тараф мегузоранд ва мегӯянд «Ин ҳадис мавзӯъ аст. Ин ҳадис наметавонад ҳадиси шариф бошад». Ин олимон дар ин боб монанди мубодилачии асъор гаштаанд, ҳадиси тозаро аз ҳадиси тақаллубӣ фарқ мекунанд.

Вале як қисмат аз муҳаққиқон дар нақди ҳадисҳо аз ҳад зиёд интиқод мекунанд, ба монанди Ибни Ҷавзӣ, ки бисёре аз ҳадисҳои саҳеҳро мавзӯъ меҳисобад ва инро ҳам бояд дониста бошем, ки ҳадиси мавзӯъ, яъне ин сухани Паёмбар (с.а.в) нест ва ин маънои онро надорад, ки ин сухан ботил ва ё вайрон аст.

Савол: Ин ҳама санади дароз чӣ фоида дорад, ки мегӯянд ин ривоят аз фалон… аз фалон… аз фалон аст ва чаро барои як воқеаи маълум бояд ин ҳама санадро баён намуд?

Ҷавоб: Фоидаҳо хело зиёданд. Зеро зикр намудани ин санади дароз як намуд тавофуқро баён мекунад, ки ин ҳама ровиёни мӯътабар ба ин ҳадис розӣ мебошанд ва бо ин барои аҳли илму муҳақиқон як пайвастшавӣ ва алоқа миёни ровиён маълум мегардад. Ин маънои онро дарад, ки ҳар имом ва алломае, ки дар санади ҳадис номи ӯ омада аст, барои дуруст ва саҳеҳ будани ин ҳадиси шариф имзо мондааст.

С.: Чаро муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) бо аҳамияти бештар ривоят карда нашудаанд, ҳамчуноне ки дигар аҳкоми зарури шариат ривоят шудааст, яъне бо роҳҳои мутавотир ва усулбҳои гуногун?

Ҷ.: Зеро тамоми мардум дар ҳама давру замон ниёз ба аҳкоми шариат доранд ва ин аҳкоми шариат барои онҳо ба монанди фарзи айн мебошад, зеро он ба ҳар як инсон алоқа дорад. Дар сурате ки на ҳар инсон ниёз ба муъҷиза дорад ва ҳатто агар ба он ниёз ҳам дошта бошад, як бор шунидани он кофист. Пас, онҳо ба монанди фарзи кифоя мебошанд ва одатан кофист, ки як гурӯҳи инсонҳо онро бидонанд ва шарт нест, ки ҳамагон онро бидонанд.

Барои ҳамин гоҳо мебинем, ки яке аз муъҷизаҳо қотеъона собит шудааст ва дар қувват он ба монанди дигар аҳкоми шариат аст, вале ровии он як ё ду нафаранд, дар сурате ки ровиёни ҳар ҳукми шариат даҳ ё бист нафар ҳастанд.

Асоси чорум. Як қисмат аз воқеаҳои ояндаро, ки Паёмбар (с.а.в) дар бораи онҳо хабар додааст, ҳодисаҳо умумӣ мебошанд, ки дар вақтҳои гуногун такрор ёфтаанд ва он як ҳодисаи ҷузъии танҳо нест. Пас, Паёмбар (с.а.в) дар бораи чунин воқеаҳои куллӣ ба сурати ҷузъӣ хабар медиҳад ва баъзе ҳолатҳои онро баён мекунад, зеро чунин ҳодисаи куллӣ метавонад зиёд ба вуқӯъ ояд. Пас, Паёмбар (с.а.в) дар ҳар сӯҳбати худ шакле аз ашколи он ҳодисаро баён мекунад, вале вақте ин ривоятҳоро пайи ҳам меорем, чунон вонамуд мешавад, ки гӯё миёни ровиён дар ин масъала ихтилоф аст. Масалан, дар бораи Маҳдӣ ривоятҳои гуногун омадааст, ки дар тафсилот ва тасвири он ихтилоф вуҷуд дорад. Паёмбар (с.а.в) бо такя бар ваҳй хабар додааст, ки Маҳдӣ зуҳур мекунад, то қувваи маънавиёти мӯъминонро нигоҳ дорад ва онҳоро аз ноумедию наҳсӣ дар баробари он ҳодисаҳое, ки мушоҳида мекунанд, раҳо созад ва миёни уммат робитаи қавиеро бо занҷири нуронии аҳли байт барқарор созад. Мо инро дар яке аз қисматҳои «Ибораи бисту чор» баён намуда будем. Аз ҳамин сабаб аст, ки мебинем ҳар асру замон дорои як намуд Маҳдие аз хонадони Паёмбар (с.а.в) мебошад, ҳамон тавре ки дар охири замон Маҳдӣ зуҳур мекунад, балки метавон гуфт ҳар замон чанд нафар Маҳдӣ дорад. Ҳатто дар шахсияти Маҳдии Аббосиён, ки аз оли байт буд, бисёре аз сифатҳои Маҳдӣ дида мешуд.

Бо ҳамин тариқ, авсофи ононе, ки пеш аз Маҳдии бузургвор меоянд ва ононе, ки ӯро намояндагӣ мекунанд, ба монанди хулафои пок ва қутбҳои замон дар худ як навъ омехтагӣ аз авсофи Маҳдии бузургворро доранд. Пас, аз ҳамин сабаб аст, ки дар ривоятҳо ихтилоф дида мешавад.

Асоси панҷум. Худи Паёмбар (с.а.в.),  ,

«аз пеши худ ғайбро намедонист», модоме ки Худованди пок ба ӯ наомӯзонид. Чунки илми ғайб хоси Худованди мутаол аст ва ба ҳар касе хоҳад, аз он чизеро меомӯзонад. Аз он рӯй, ки Худованд меҳрубон ва боҳикмат аст, ҳамин ҳикмату раҳмати ӯ инро талаб мекунад, ки бештарин корҳои ғайбиро пӯшида нигоҳ дорад ва онро ҳамчунон пинҳон ва номаълум қарор диҳад. Зеро он воқеаҳое, ки инсонро нохуш мекунанд, аз воқеаҳои хушнудкунанда дида дар ин дунё бештаранд. Пас, агар инсон ин ҳама воқеаҳоро бидонад, сахт ранҷуру аламзада мешавад.

Аз ҳамин сабаб аст, ки марг ва аҷал ҳамчунон аз илми инсон пӯшида ва мубҳам мемонанд ва ҳамчунин мусибат ва балоҳое, ки бар сари инсон дар оянда меоянд, дар паси пардаи ғайб ниҳонанд. Пас, аз талаботи ҳамин ҳикмати раббонӣ ва раҳмати илоҳист, ки Худованд тамоми асрори ғайби худро дар бораи ин ки баъди вафоти он ҳазрат (с.а.в) ба сари хонадону асҳоб ва умматонаш чӣ воқеаҳои аламовар ва мусибатҳои ранҷовар меояд, ҳатто аз Паёмбараш пӯшида нигоҳ медорад. Аммо дар баробари ин ӯ ба Паёмбари худ баъзе асрори муҳими ғайбии фоҷеабахшро аз рӯйи ҳикмати худ хабар додааст, ин ҳам бошад ба хотири он ки Муҳаммад (с.а.в) бо умматон ва хонадону асҳоби худ хело меҳрубонию дилсузӣ доштанд. Ҳамчунин Худованди мутаол ӯро ба омадани ҳодисаҳои фараҳбахш баъзеро ба тариқи муҷмал ва баъзеро муфассал мужда додааст. Пас, Паёмбар (с.а.в) ба умматони худ он чизеро, ки аз Парвардигори хеш меомӯхт, ривоят менамуд ва муҳаддисони ростин ва одил онро аз роҳи санадҳои саҳеҳ ба мо расонидаанд. Онҳо ашхосе буданд сахт парҳезкор ва аз ин метарсиданд, ки агар хато кунанд, он ваъиде бар сари онҳо меояд, ки Паёмбар (с.а.в) фармуда буд:

«Ҳар ки қасдан дурӯғеро аз номи ман бигӯяд, пас барои ҷойгир шудан дар оташ омодагӣ гирад».

Ҳамчунин онҳо сахт бими онро доштанд, ки мабодо ин гуфтаи Худованд ба онҳо расад, ҷое, ки Худованд дар Қуръони худ фармудааст:

«Пас кист золимтар аз оне, ки бар Худованд дурӯғҳо мебофад» («Зумар», ояти 32).

Асоси шашум. Аҳвол ва авсофи Паёмбар (с.а.в) дар шакли сират ва таърих баён шудааст. Вале аксари ин авсофу аҳвол танҳо баёнгари инсон будани ӯ мебошанд. Зеро шахсияти маънавии ин зоти муборак хело баланд ва моҳияти нуронии муқаддаси ӯ ба он ҳадде баланд аст, ки он васф ва аҳволе, ки дар таърих ва сират омадааст, наметавонад баёнгари мақоми баланду дараҷаи волои ӯ гардад. Зеро  дар асоси қоидаи машҳур: «сабабгори кор ба монанди анҷомдиҳандаи он аст» ҳамарӯза ба саҳифаи камоли ибодатҳои ӯ ибодатҳои тамоми умматонаш изофа мешаванд.

Ҳамчуноне ки насими бепоёне аз боди раҳмати илоҳӣ ба Паёмбар (с.а.в) , ҳамон паёмбаре, ки дорои истеъдодҳои бепоён буд, ба таври бепоён ва ба андозаи беҳисоб мерасад, ҳамчунин ба ӯ (с.а.в) ҳамарӯза дуоҳои бепоёни мардуми зиёде мерасад, ки аз ҳисоб берун аст.

Ин Паёмбари пурбаракате, ки беҳтарин намунаи тамоми коинот аст ва Паёмбаре, ки комилтарин расонанда аз номи Офаридгори олам ва дӯсти Парвардигори оламиён аст, мо наметавонем он миқдоре, ки дар китобҳои сират ва таърих дар бораи аҳвол ва рафтори башарии он омадааст, воқеан кӣ будани ӯ ва ҳақиқати камолоти ӯро дарёфт намоем. Чӣ гуна метавон шахсияти бузургвореро, ки ҳазрати Ҷаброил ва Микоил дар ғазваи Бадр рафиқони амини ӯ буданд, дар чанд ибора ва калима ҷамъоварӣ намуд? Ё ин ки чӣ гуна метавон ҳақиқати чунин ҳодисаро, амсоли он ҳодисае, ки ҳамроҳ бо соҳиби аспе сурат гирифита буд, ки Паёмбар (с.а.в) он аспро аз ӯ харидорӣ намуда буд, ба мо равшан гардад? Он мард харидани Паёмбарро инкор намуд ва аз Паёмбар (с.а.в) барои исботи ин кор шоҳид талаб кард. Пас, саҳобаи бузургвор, Хузайфа омад ва ба фоидаи Паёмбар (с.а.в) шаҳодат дод.

Пас, барои он ки касе дар гирдоби хато наафтад, лозим аст, ки он касе, ки сифатҳои башарии оддии ӯро мешунавад, ҳамеша чашмашро кушода намояд ва моҳияти ҳаққи ӯро бингарад ва шахсияти маънавии ӯро, ки дар қуллаи мартабаи рисолат аст, дар назар бигирад ва илло беадабӣ мекунад ва дар вартаи тахаюлоту шубҳаҳо меафтад.

Донаи хурмоеро дар зери хок мекунанд, чанд муддат пас  як дарахти баланди хурмо мешавад ва ҳар рӯз бузургтару зеботар мегардад ва ё тухми товус, ки ҳарорати муайян ба он мерасад, мекафад ва аз дарунаш чӯҷа мебарояд ва ҳар қадар нашъунамо меёбад, ба ҳамон андоза зеботару рангинтар мегардад, ки қалами қудрати илоҳӣ ҳаматарафа онро дар зеботарин сурат нақш мекунад.

Пас, баъзе сифат ва хусусиятҳои вижае ҳаст, ки ба худи ҳамон дона ва ё тухм бармегардад ва ҳар яке аз онҳо шомили баъзе моддаҳои нозук мебошанд ва ҳамчунин хурмо ва товус дар баробари дона ва тухм дорои авсоф ва кайфияти хосе ҳастанд. Пас, вақте сифату шакли дона ва тухмро дар баробари хурмо ва товус қарор медиҳем ва ҳар дуро бо ҳам баён мекунем, дар ин сурат бояд ақли одамӣ аз дона ба тарафи хурмо мунтақил ёбад ва аз тухм ба тарафи товус ва дар он хубтар андеша кунад, то тавонад авсофи онро ба пуррагӣ баён намояд. Агар инсон ҳангоми васфи дона бигӯяд, ки ман аз ин дона як тонна хурмо хоҳам чид ва ё ба тухм ишора намуда бигӯяд, ки ин шоҳи парандагон аст, ҳамагон ӯро дурӯғгӯ мепиндоранд.

Бо ҳамин тариқ, инсон будани Паёмбари гиромӣ (с.а.в) дар мисол ба ҳамон дона ва ё тухм монандӣ дорад, вале вазифаи рисолат дар олӣ будан ва баланд будан ӯ ба монанди дарахти хуррами биҳиштӣ ва парандаи биҳиштӣ мебошад.

Аз ҳамин сабаб, вақте ба баҳсе, ки дар бозор ҳамроҳи аъробӣ рух дод, фикр мекунем, бояд тахаюлоти афкори худро баланд бардорем ва зоти нуронӣ, бузург, дурахшон, ки ба қобуққавсайн расида, Ҷаброилро дар пушт монда буд, тасаввур намоем. Агар ичунин тасаввур накунем, пас нафси аммора (беадабӣ намуда) камтар эҳтирому қадрдониро дар ҳаққи ӯ мекунад ва ё қадамҳои аввалашро барои инкор хоҳад гузошт.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо