Шахсе, ки ба бемории васваса гирифтор аст…

 

Бурҳони Панҷум

Эй дӯсти васвасагар! Биё ба нақшу нигораҳои ин қасри бузург диққат кун ва зеварҳои ин шаҳрро бубин, назми онро мушоҳида кун ва ба ҳаммаи санъатгариҳои ин олам фикр кун! Пас бубин агар қалами Зоти пинҳоне, ки мӯъҷизаҳо ва ҳунарҳои бешумор дорад, даркор набошад ва агар ин нақшу нигорҳо ба сабабҳои бешуур ба тасодуфи кӯр ва табиати кар, рабт дода шавад, он вақт бояд, ҳар санг ва ҳар гиёҳи ин сарзамин, наққоши мӯъҷизагару нависанадаи фавқулода бошад, то битавонад ҳазорон китобро танҳо дар як ҳарф бинависад ва танҳо дар як нақш миллионҳо санъат бигунҷонад! Зеро нақшу нигори ин сангҳоро[1] бубин, дар ҳар кадом нақшу нигори тамоми қаср вуҷуд дорад ва дар қонунҳои идораи кулли шаҳр дар он аст ва ташкиллоту барномакории ҳаммаи сарзамин, дар он вуҷуд дорад. Пас эҷоди ин ҳама нақшу нигор мисли эҷоди ҳамаи кишвар кори хориқулодааст; бинобар ин ҳар нақшу санъат, баёния ва хотам, барои Он Зоти пинҳон аст.

Модоме ки имкон надорад, ҳарфе бар нависандааш далолат накунад ва нақше аз наққошаш ҳикоят накунад, чигуна имкон дорад нависандае ки дар як ҳарф, китоби бузурге нигошта ва наққоше ки дар як нақш, ҳазорон нақшро ба тасвир кашидааст, аз рӯйи китоб ва нақши худ шинохта нашавад?!

 

Саъид Нурсӣ

[1] Ҳошия: Ба инсоне ки меваи дарахти офариниш аст ва ба мевае ки барнома ва феҳристи дарахташро ҳамл мекунад, ишора дорад. Зеро ҳарончиро ки қалами қудрат дар китоби бузурги ҳастӣ навишта бошад, ба иҷмол дар моҳияти инсон низ навиштааст, ва он чиро қалами қадар дар дарахти кӯҳ монанд навишта бошад, дар меваи заррамонандаш низ, гузоштааст. –



Мақолаҳо