Талабаҳои мактаб, назди ман омада, гуфтанд: Холиқамонро ба мо муаррифӣ кун, муаллимонамон дар бораи Аллоҳ чизе намегуянд…

МАСЪАЛАИ ШАШУМ

Ишораи мухтасарест ба бурҳоне аз ҳазорон бурҳонҳои куллӣ, дар бораи рукни имони ба Аллоҳ, ки дар бисёре аз қисмҳои Рисолаи Нур тафсил ва ҳуҷҷатҳои бешумори қатъии он омадааст.

Дар шаҳри Кастамону чанде аз талабаҳои мактаб, назди ман омада, гуфтанд: Холиқамонро ба мо муаррифӣ кун, муаллимонамон дар бораи Аллоҳ чизе намегуянд.

Ман гуфтам: Ҳар фанне, ки таҳсил мекунед бо забони хосси худ ҳамеша аз Худованд баҳс мекунад ва Офаридагорро мешиносонад. Ба сухани он фаннҳо гӯш андозед на ба муаллимон.

Масалан: Дар дорухона, дар ҳар қуттие, ки маъҷунҳо ва тарёкҳои ҳаётбахшест, ки бо як андозаи ҳассосу фавқулода, ҳосил гардидааст; ин амр аз вуҷуди дорусозии ҳаким, кимёгар ва бисёр моҳир, хабар медиҳад.

Ба ҳамин тартиб, маъҷунҳо ва тарёкҳои ҳаётбахш, дар бастаҳои чорсад ҳазор навъи набототу ҳайвонот, дар дорухонаи кураи замин вуҷуд дорад, ки вақте онро бо миқёси фанни тибби қобили қабул ва нисбат ба дорухонаҳо месанҷем, мебинем то чи андоза бузургтар ва комилтар аст. Ин амри дорусозии дорухонаи бузурги кураи замин, яъне Ҳакими Зулҷалолро ҳатто ба нобиноён ҳам ошкоро нишон дода ва муаррифӣ мекунад.

Ҳам масалан: Ҳамон тавре, ки корхонаи бузург ҳазорон навъи матоъро аз моддаи сода, истеҳсол мекунад ва бешубҳа бар вуҷуди корхонадор ва муҳандиси моҳир далолат дорад, дастгоҳи Раббонии сайёри кураи замин номида мешавад.

Инчунин кураи арз, дорои садҳо ҳазор бахш аст, ки дар саросари ҳар кадоми аз онҳо садҳо ҳазор корхонаи комил вуҷуд дорад. Ба ҳамон нисбат ки аз корхонаи инсон, бузургтару комилтар аст. Дар муқоиса бо фанни техника, ки таҳсил кардаам аз устод ва соҳиби кураи замин хабар медиҳад ва ӯро муаррифӣ карда ва мешиносонад.

Боз ҳам мисол: Дӯконҳо ва анборҳое, ки дар онҳо ҳазору як навъ ризқу рӯзӣ, аз атроф фароҳам омада ва ба шакли интизомона дар онҳо ҷой дода шудааст, бешубҳа  бар вуҷуди маъмури фавқулодаи ризқу рӯзиҳо, ва соҳибу мудири он, далолат дорад.

Ин анбори Раббонии маводи ғиззоӣ ва ин сафинаи субҳоние, ки кураи замин номида мешавад, дар як сол дар доираи бисту чор ҳазор сола, мунтазамона дар ҳоли чархиш аст ва сад ҳазор тоифаеро, ки ҳар кадом ниёзманди ризқу рӯзии ҷудогона мебошад, дар худ ҷой додааст ва бо чархиданаш, фаслҳоро падид меорад ва баҳорро чун вагони бузург, пур аз ҳазорон таоми гуногун мекунад ва назди зиҳаётони бечорае меорад ки ризқҳояшон дар зимистон ба поён расидааст. Ин дӯкон ва анбори Раббонӣ, бо авоъу ақсоми ҷиҳозот ва амволу бастаҳои кансервамонанд, ба ҳамон нисбат ки аз корхонаи мазкур бузургтар аст, бо миқёси фанни тағзия, ки хондаем ва ё мехонем, ба ҳамон дараҷа ва бо ҳамон қотиият, бар соҳиби мутасаррифу мудаббири кураи замин далолат дорад. Ӯро мешиносонад ва боис мешавад ӯро дӯст бидоранд.

Артишеро тасаввур кунед, ки чорсад ҳазор гурӯҳ дорад ва фармондеҳи он, ба шакли мӯъҷизавор, ризқҳои мавриди ниёзи ҳар гурӯҳ, силоҳу либоси мавриди ниёз, омӯзишу тархиси онҳоро комилан дақиқ ва ҷудогона, таъмин мекунад. Яъне ба танҳоӣ, анвоъу ақсоми ризқҳо, силоҳ, либос ва васоили мавриди ниёзи ҳар яке аз гурӯҳҳоро бефаромӯшию дучори ҳайрат, дар ихтиёрашон мегузорад. Бешубҳа, чунин артишу гарнизон, бар як фармондеҳи фавқулода далолат дорад ва боис мешавад дигарон бо тақдир, ӯро дӯст доранд.

Дуруст ба ҳамон тартиб, дар лашкари нави субҳоние, ки сарбозонаш дар ҳар баҳор, дар урдугоҳи рӯйи замин аз нав ба кор гирифта мешаванд, фармондеҳи бузург ва воҳидеро тасаввур кунед, ки анвоъу ақсоми либос, ғизо, силоҳ, таълиму тархиси чорсад ҳазор навъи набототу ҳайвонотро бо комилтарин шакл ва бо назму тартиб, як ба як, бе он ки яке аз онҳоро фаромӯш кунад ё дучори саргардонӣ шавад, таъмин мекунад. Урдугоҳи баҳори кураи замин ба ҳамон нисбат, ки бузургтар ва комилтар аз артиш ва урдугоҳи инсонист ва ба миқёси фанни низомӣ, ки шумо таҳсил хоҳед намуд, Парвардигору Мудаббир ва Қумандони Ақдаси кураи заминро бо ҳайрату тақдис ба инсонҳои дақиқ ва хирадманди ҳаким, муаррифӣ мекунад ва боис мешавад, бо таҳмиду тақдис, дӯсташ доранд.

Шаҳри фавқулодаи зеборо тасаввур кунед, ки дар он миллионҳо чароғҳои барқӣ метавонанд ҳаракат карда ва ба ҳар тараф бираванд; маводи равшании чароғҳо таврест, ки гуё тамом намешавад, чароғҳо ва корхонаҳои созандаи онҳо бешубҳа бар созандаву идоракунандаи он ва муассиси корхона ва касе, ки созандаи маводи шӯълаи онҳост, яъне ба барқкори моҳир ва устои мӯъҷизакор далолат дорад ва ӯро бо ҳайратҳову тақдирҳо ба дигарон мешиносонад ва боис мешавад ӯро дӯст дорад.

Ба ҳамин тартиб, дар шаҳри ин олам, теъдоде аз ситорагоне, ки чароғҳои боми ҷаҳон ҳастанд, тибқи назарияҳои дониши ситорашиносӣ, ҳазор бор бузургтар аз кураи арз ва ҳафтод баробар босуръаттар аз тири тӯп, ҳаракат мекунанд; бо ин ҳол низоми худро аз даст намедиҳанд, бо ҳам бархӯрд намекунанд, хомӯш намешаванд ва маводи шӯълаи онҳо тамом намешавад.

Тибқи назари илми нуҷум, барои бетаваққуфи дурахшиши хуршед, ки як миллион бузургтар аз замин аст ва  як миллион сол пештар аз замин умр дида ва дар меҳмонхонаи Раҳмонӣ чун чароғи фурӯзону гармобахш аст. Ҳар рӯз сӯзишворӣ ба андозаи дарёҳои кураи замин ва ба андозаи кӯҳҳояш зуғол, ё ҳазор баробари замин ҳезум лозим аст.

Дар шаҳри бошукӯҳи коинот ки чароғҳои барқии саройи дунё, бо шуоъҳои нурашон, қудрату салтанати лоязолро нишон медиҳанд, ки хуршед ва ситорагони бузурге ба мисли хуршедро, бе сузишворӣ дурахшон мекунад ва иҷоза намедиҳад хомӯш шаванд ва бо ҳам ва ба суръат мегардонад ва намегузорад бо ҳам бархӯрд кунанд. Чароғҳои дурахшони кохи ин дунё ва идораи амри онҳо то чӣ андоза аз мисоле, ки овардаем бузургтар ва комилтар аст? Ба ҳамон мизон ва бо миқёс дарсе, ки шумо дар фанни барқ хонда ё хоҳед хонд, Султони ин намоишгоҳи бузурге, ки коинот ном дорад ва равшан кунандаю мудаббиру сонеъи он ва ситорагони дурахшонашро гувоҳ гирифта, мешиносонад ва боис мешавад бо тасбеҳу тақдис, ӯро дӯст дошта, парастиш кунанд.

Боз масалан: Китоберо тасаввур кунед, ки дар ҳар сатраш китобе бо хати бисёр резу зариф навишта шуда бошад ва дар ҳар калимааш низ, бо хати бисёр рез, сурае аз Қуръон навишта шуда бошад, китоб ва маҷмӯаъи аҷиби бомаъно, ки ҳама масоили он тасдиқ кунандаи якдигар ҳастанд, аз маҳорат ва тавоноии комили котибу муаллифаш нишон дорад; ин китоб, бешубҳа ба равшании рӯз аз нависандаву мусаннифаш ва камолоту ҳунари ӯ ҳикоят дорад ва боис мешавад дигарон бо гуфтани Мошоаллоҳ ва Боракаллоҳ аз ӯ тақдир кунанд.

 

Дуруст, ба ҳамин тартиб, ин китоби кабири коинот, ки рӯйи замин, танҳо ба монанди як саҳифаи он аст, ва баҳор танҳо як шаклҳояш ба шумор меравад, дар баргирандаи сесад ҳазор навъи наботию ҳайвонӣ – ки ҳар як  дар ҳукми китоби ҷудогонаанд – бо ҳам ва дар даруни ҳам, бехатову иштибоҳ ва бе он ки дар ҳам бирезанд ва бе лағзиш, комилу мунтазаманд. Ва гоҳо дар маҷмӯъи коиноти бениҳоят маънодоре, ки дар ҳар калимааш ҳикматҳои фаровон ҳаст ва дар ин Қуръони Акбари муҷассами олам, бо чашмонамон мебинем, ки қалам, қасидаеро дар калимае монанди дарахт ва хулосаи комили аз китобро дар нуқтае чун дона навиштааст. Ин олам ба нисбати бузургию маъное, ки дар муқоиса бо китоби зикршуда дар мисоли боло дорад ва ба миқёси фанни ҳикмату-л ашё ва фанни қироат ва фанни китобат, ки дар донишгоҳ фаро мегиред ва бо чашми тезбин, наққошу котиби китоби олами вуҷуд ва камолоти беҳадашро мешиносонад ва бо ибораи “Аллоҳу Акбар” муаррифӣ мекунад ва бо тақдиси “Субҳоналлоҳ” таъриф мекунад ва бо санои “Алҳамдулиллоҳ” боис мешавад ӯро дӯст доранд.

Дар муқоиса бо ин фанҳо, ҳар фанне аз садҳо фанни дигар, бо миқёси фарогир, оинаи хос, чашми тезбин ва назари ибратангези худ Холиқи Зулҷалоли ин коинотро бо номҳояш мешиносонад ва камолоташро муаррифӣ мекунад.

 

Ба он ҷавонон гуфтам: Барои тадриси ҳуҷҷати мазкур, ки бурҳони азиму дурахшон дар ваҳдоният мебошад, Қуръони мӯъҷизу-л баён бо такрор ба оятҳои зер, Холиқамонро ба мо муаррифӣ мекунад:

 

 خَلَقَ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضَ  ва  رَبُّ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ

 

Онҳо низ, ин матлабро бапуррагӣ пазируфта ва бо тасдиқ гуфтаанд: “Раббамонро бениҳоят шукр, ки дарси қудсию айни ҳақиқат гирифтем. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад.” Ман ҳам гуфтам:

Инсон, мавҷуди зиҳаётест, ки бо ҳазорон навъи дард, аламовар мешавад ва бо ҳазорон навъи лаззат, муталаззиз. Ин мавҷуд бо вуҷуди бениҳоят аҷзаш, дӯшманони моддию маънавии бешумор дорад ва бо вуҷуди бениҳоят фақраш, ниёзҳои зоҳирию ботинии бешумор дорад. Махлуқи бечорае, ки доим дар маърази зарбаҳои заволу фироқ аст, ногаҳон бо имону убудият ва интисоб ба Подшоҳи Зулҷалол дар баробари тамоми дӯшманон, нуқтаи истинод ва барои баровардани ҳоҷоташ, нуқтаи истимдод меёбад. Ҳамчуноне, ки ҳар кас бо шарафу ифтихор ва мақоми касе, ки ба он  мансуб аст, эҳсоси фахр мекунад. Инсон низ, дар сурате, ки ба чунин Подшоҳи Қадиру Раҳим имон оварад ва худро ба ӯ интисоб намояд, бо убудияту бандагӣ ба хизматаш дарояд ва эъломи маргу нобудии аҷалро дар иртиботи бо худ барои раҳоию наҷот табдил намояд, то чи ҳад метавонад сипосгузорӣ кунад ва худро мадюн бидонад ва то чи ҳад метавонад ифтихори  ташаккуромез дошта бошад, қиёс кунед.

Ҳамон тавре, ки ба он ҷавонони мактаб гуфтам, ба зиндониёни мусибатзада низ мегуем: Касе, ки ӯро мешиносад ва ӯро итоат кунад, ҳатто агар дар зиндон ҳам бошад, хушбахту саодатманд аст. Фаромӯш кунандаи ӯ низ, ҳатто агар дар кохҳо ҳам бошад, зиндонию бадбахт аст.

Мазлуми саодатманд дар ҳоле, ки эъдом мешуд, ба золимони бадбахт мегуяд: “Ман эъдом намешавам, балки бо рухсат ба сӯйи саодат меравам. Ман бо дидани шумо ки маҳкум ба эъдоми абадӣ ҳастед, комилан аз шумо интиқом мегирам.” он гоҳ бо гуфтани لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ‌  бо шодӣ, рӯҳи худро таслим мекунад.

سُبْحَانَكَ لاَعِلْمَ لَنَۤا اِلاَّ مَاعَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

 



Мақолаҳо