Мехоҳӣ бидонӣ آمَنْتُ بِاللّٰهِ وَ بِالْيَوْمِ اْلآخِر ки боз кунандаи тилисми баста шудаи ин коинот аст, имон овардан ба Худо…

 

Каломи ҳафтум

Мехоҳӣ бидонӣ آمَنْتُ بِاللّٰهِ وَ بِالْيَوْمِ اْلآخِر[1]ِ ки боз кунандаи тилисми баста шудаи ин коинот аст, имон овардан ба Худо ва ба рӯзи қиёмат чӣ гуна гаронтарин калидест, ки барои рӯҳи башарият, тилисми олам ва асрори онро боз мекунад ва ба рӯҳи одамизод дарҳои саодат ва хуширо мекушояд ва чӣ гуна бо сабр таваккул намудани инсон бар Офаридагораш ва ба сипосу шукри рӯзии Ӯ умед кардан, судмандтарин ва некӯтарин илоҷ аст ва гӯш додан ба Қуръони карим ва итоат аз гуноҳони бузург беҳтарин тӯшаест барои охират ва равшантарин нурест дар қабр ва осонтарин корест баро сафари ҷовидона.

Бале, агар ин ҳамаро донистан мехоҳӣ, пас биё ва бо ман ба ин ҳикояти тамсилӣ гӯш фармо:

«Дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ сипоҳие дар вартаи мушкил ва вазъияти ногуворе гирифтор шуд. Ӯ якбора ду ҷароҳат бардошта буд, яке дар тарафи рост ва дигаре дар тарафи чап ва аз пушти ӯ шери гуруснае меомад, ки наздик буд ба ӯ расад. Дар пеш бошад дор ӯро мунтазир буд, ки тамоми рафиқонашро дар он овехта буданд ва дар интизори ӯ буданд. Илова бар ин, бо вуҷуди ин ҳама ҳолати сахташ дар пешаш роҳи дарози пурхатаре интизор буд. Дар асное, ки ин бечораи мубтало, ғарқи фикру хаёл буд ва аз воқеияти ҳолаш ноумед гардида буд, ногаҳон марди хайрхоҳе, ки гӯё ҳазати Хизр бошад ва аз чеҳрааш нур меборид, аз тарафи рости ӯ пайдо шуда ба ӯ чунин гуфт:

«Ноумед машав ва ғусса махӯр. Ман барои ту ду тилисм меомӯзам, ки агар он дуро хуб ба кор барӣ, ин шере, ки аз пушти ту меояд, ба асп мубаддал гардида, ром гашта, дар хидмати ту хоҳад буд ва он дор нардбони хуб ва нозуке барои ту мегардад. Ман ба ту ду даво хоҳам дод, ки агар он дуро истеъмол намоӣ, ин ду ҷароҳати деринаи ту ба гул мубаддал мегарданд ва ман ба ту корт медиҳам, ки бо он метавонӣ масофаи як соларо дар як рӯз тай намоӣ ва гӯё ту парандае ҳастӣ. агар ту ба гуфтаҳои ман бовар надорӣ, метавонӣ як бор таҷриба намоӣ ва дар он сурат яқин ҳосил менамоӣ, ки тамоми гуфтаҳои ман росту дуруст мебошанд. Сипоҳӣ каме таҷриба намуд ва дид, ки тамоми гуфтаҳои он мард рост аст. (Бале,мани бечора, Саъид низ гуфтаҳои ӯро бовар мекунам, зеро ман онро каме санҷидаам ва ӯро ҳаққу рост дарёфтам).

Сипас дар ин ҳангом марди дасисакор ва найрангбозеро мебинад, ки гӯё шайтон аст ва аз тарафи чапи он сипоҳӣ ба назди ӯ меояд бо зебу зиннат худро ороста, сурати ҷаззобе дошт ва бо суханони фиребанда дар пеши ӯ истода. Чунинаш мегӯяд:

– Эй дӯст, ба ман гӯш кун! Биё, бо ҳам мечашем ва ба суратҳои ин духтарони зебо лаззат мебарем ва бо шунидани ин намуд нағмаҳо ва чашидани ин намуд хӯрокҳо истироҳат мекунем. Вале, эй фалон, ин чист, ки ту бар забон меорӣ?

– Он тилисм аст ва мушкилкушо.

– Ин чизи номафҳумро як сӯ гузор ва сафои лаззати маро лойолуд макун ва биё ба ҳаёти ҳозира лаззат бибар.

Эй фалон, он чист, ки дар даст дорӣ?

– Он давост.

– Онро дур андоз, ту сиҳат ва саломат ҳастӣ ва ба ту ҳеч зараре нарасидааст ва мо дар ҳолати хушӣ ва сафоем. Он корти дасти ту, ки панҷ аломат дорад чист?

-Он барои вазифа гирифтани ман, корт ва дастури мудир аст.

– Онро пора кун, зеро мо дар ин баҳори хуррам ба ҳеҷ куҷо сафар карданӣ нестам…

Бо ҳамин тариқ ва бо тамоми макру ҳилла кӯшиш намуд. То ин сипоҳиро қонеъ гардонад,то ҷое, ки ин бечора оҳиста-оҳиста ба суханони ӯ майл кардан гирифт.

Бале, инсон фиреб мехӯрад ва ман низ аз суханони чунин маккорҳо фиреб хӯрда будам.

Ногаҳон садое аз тарафи росташ чун раъд баланд шуд ва ӯро бар ҳазар намуд:

-Ту набояд фиреби ӯро бихурӣ. Ба он маккори хабис бигӯ, ки агар ту метавонӣ он шереро, ки аз пушти ман омада истодааст, ба қатл расонӣ, агар метавонӣ ресмони дорро аз пеши ман дур намоӣ, агар ду ҷароҳати тарафи росту чапамро сиҳат намоӣ ва агар маро аз ин сафари дароз тавонӣ боз дошт… Бале, агар барои ин ҳама роҳи ҳале дошта бошӣ, пас ба ман нишон деҳ ва биёр, ки чӣ дорӣ ва танҳо баъди ин метавонӣ маро ба тарафи бозӣ ва беҳудагӣ даъват намоӣ ва илло, эй аблаҳ, сокит бош, то ин марди бузурге, ки ба ҳазрати Хизр монанд аст, сухан бигӯяд…”.

Эй нафсе, ки ба он чи дар ҷавонӣ хандон будӣ, гирён шудаӣ! Дониста бош, ки ин сипоҳии бечораи сарсон ту ҳастӣ ва инсонҳо анд, он шер аҷал аст. Ва он бандҳои дор маргу нобудию ҷудоист, ки ҳар инсон онро мечашад. Оё намебинӣ, ки чӣ гуна дӯстон шабу рӯз пайи якдигар маро тарк мекунанд. Аммо он ду ҷароҳати вазнин яке нотавонии инсоният аст, ки поён надоранд. Аммо он бадарға ва сафари дароз сафари имтиҳону озмоиши дарозмуддат аст барои худи инсон, ки аз олами арвоҳ шурӯъ гашта, аз тариқи бачадони модарон мегузарад, сипас туфуллияту кудакӣ, баъд пирӣ ва баъдтар қабру барзаху ҳашру сирот… Аммо он ду тилисм яке имони ба Худованд аст ва дигаре имони ба рӯзи қиёмат.

Бале, магар бо ин ду тилисми муқаддас ба ҷои сурати шери даранда сурати аспи ромшударо бар тан мекунад, балки ба сурати аспи махсусе намоён мешавад, ки инсони мӯъминро аз зиндони дунё ба тарафи боғҳои Парвардигори меҳрубон мекашонад. Аз ҳамин сабаб аст, ки инсонҳои комил маргро дӯст медоранд ва онро ҷустуҷӯ мекунанд, зеро онҳо ҳақиқатро дарёфтаанд. Аз тарафи дигар, гардиши рӯзҳо ва гузашти рӯзгор бар сари ҳама чиз меояд ва нестию нобудӣ ва ҷудоию марг дар ин инсон бо ин тилисм сурати нурониеро мегирад, ҷое, ки инсон бо дигар дидгоҳ назар мекунад ва дар ҳама чиз таҷдидро меёбад, балки инҳо ҳама асоси андеша ва тафаккур дар рангҳои гуногун ва намудҳои мутафовит ба мӯъҷизаҳои офаридаҳои Холиқи зулҷалол ва тамошои қудрати Ӯ мебошад ва таҷаллои раҳмати Ӯ ва мушоҳидаи онҳо бо роҳатӣ ва тааҷҷуб мегардад. Суратҳо дар назари ӯ дар як шакли ҷаззоб ва гуногун ба монанди манзараҳои синамо паси ҳам меоянд.

Аммо он ду илоҷ яке таваккул бар Худованд ва истифода бурдан аз сабр аст, яъне ба қудрати Офаридгори карим такя намудан ва ба ҳикмати Худованди пок эътимод кардан бошад.

Оё чунин аст?

Бале, шахсе, ки бо ҳуввияти нотавонии худ бар Подшоҳи олам, ки дар ядаш амри: كُنْ فَيَكُون[2]ُаст, такя мекунад, чунин инсон чӣ гуна метавонад нооромӣ ва бесабрӣ намояд? Балки ӯ дар муқобили сахттарин мусибатҳо истодагарӣ менамояд, дар ҳоле ки ба Худованд бовар дорад ва бо хотири орому дили беғам ин оятро бар забон замзама мекунад:[3] اِنَّا لِلّٰهِ وَاِنَّا اِلَيْهِ رَاجِعُونَ Бале, орифони Худо аз нотавонии худ ва аз тарси Худо лаззат мебаранд. Дар ҳақиқат ҳам дар тарс лаззат аст. Агар, ба шарте ки мо аз тифли яксола чизеро пурсида тавонем ва фарз кунем, ки он тифл бо ақли расо ва каломи сареҳ ҷавоб дода тавонад, агар мо аз ӯ бипурсем, ки хуштарин ҳолатҳои ту ва лазизтарини он кадом аст? Шояд посухи ӯ чунин бошад: «Вақте аз тарс ва нотавонии худ ба оғӯши модари меҳрубонам паноҳ мебарам». Инро бояд дониста бошем, ки раҳмати меҳрубонии тамоми модарон шаммаест аз таҷаллои раҳмати бепоёни илоҳӣ.

Аз ин сабаб аст, ононе, ки имонашон комил гашта аст, аз нотавонии худ ва аз тарси Худованд лаззатеро эҳсос мекунанд, ки аз он болотар нест, ба дараҷае, ки онҳо аз тавони қудрати худ безорӣ ҷустанд ва бо нотавонии худ ба суи Парвардигор паноҳ ҷустанду танҳо Ӯро пуштибони худ хонданд. Онҳо бо нотавонӣ ва тарс худро дар пеши Худованди мутаъол шафеъ қарор доданд.

Аммо илоҷи дуюм, дуо, дархост, ва баъди он қаноат намудан ба додаҳо ва ба ҷо овардани шукри ону эътимод намудан аст ба рӯзидиҳандаи меҳрубон.

Оё чунин аст?

Бале, агар касе меҳмони шахсе бошад, ки барои ӯ заминро чун дастархон гардонида, пур аз нозу неъмат намуда аст, ва баҳорро дар он чун дасти гуле намуда, дар атрофи ин дастархон паҳн карда аст, он касе, ки меҳмони чунин саховатманди меҳрубон шуда аст, чӣ гуна фақр ва ҳоҷат ба сӯи ӯ роҳ пайдо мекунад? Чунин инсон фақр ҳоҷоти худро ба сурати иштиҳокунандае гардонида, аз ин неъматҳо истифода хоҳад бурд. Ӯ мекушад фақр ва ниёзи худро бештар нишон диҳад ба монанди он касе, ки мекушад иштиҳои худро баланд намояд. Дар ин ҷост сирри ифтихори комил ва чунин ниёз ба даргоҳи Худованди мутаъол (ту набояд мақсад аз фақрро ба ғайри ин гуфтаҳои мо гумон намоӣ. Мақсади мо он нест, ки огоҳӣ ҳосил намоем ба фақри ба даргоҳи Худованд ва танҳо Ӯро тавалло намоему ва танҳо аз Ӯ кӯмак талабем. Мурод аз фақр он нест, ки ниёзамонро ба мардум зоҳир намоем ва аз онҳо савол намоем ва худро дар пеши онҳо хор созему аз онҳо чиз талабем). Аммо он дастуру супоришҳои идорӣ ва ё корт ҳамон адои фаризаҳост, ки дар пешсафи онҳо барпо доштани намозҳои панҷгона ва дурӣ аз гуноҳони бузург аст.

Оё чунин аст?

Бале, тамоми мутахасисону шоҳидон ва тамоми завқмандону кашфиётчиён, аз ҷумлаи олимону тадқиқотчиён ва авлиёи солиҳ бар он иттифоқ намуданд, ки тӯшаи доими ин роҳ ва захираи ин сафари дарозмуддати торик ва нуру равшании он ҷуз ба ҷо овардани авомири Қурони карим ва дурӣ аз навоҳиаш чизи дигаре нест. Агар чунин набошад, пас дар ин сафар на илм, на фалсафа ва на маҳорату ҳикмат фоидае надорад, балки ҳамаи инҳо дар пеши дари қабр бенур хоҳанд гашт.

Пас, эй нафси танбал! Барпо доштани намозҳои панҷгона ва дурӣ аз ҳафт гуноҳи бузург чи осон чи роҳат, чи саҳлест дар баробари фоидаҳои бузургу самараҳои гарон ва зарурати онҳо. Агар ту боҳуш бошӣ ва ин гуфтаҳоро фаҳмида бошӣ, пас ба он нафаре, ки туро ба суи фисқу беҳудагию пастӣ мехонад ва ба он шайтони хабиси макор бигӯ, ки агар ту чорае барои нест кардани марг дошта бошӣ, агар воситае барои бастани дари қабр барои ҳамешагӣ дошта бошӣ, пас онро биёр ва баъди он ба ман бигӯ, то ман туро қабул кунам ва суханонатро гӯш диҳам. Агар чунин нест, пас хомӯш бош ва бигзор Қуръон оятҳои худро дар масҷиди бузурги ин олам тиловат кунад ва ба он гӯш диҳему бо нури он равшанӣ ҳосил намоем ва ба ҳикояти ҳакимонаи он амал намоем, то забони мо бо тиловати он нам бошад.

  Бале, сухан сухани Ӯст ва ҳақиқат дар он аст ва Ӯ аст, ки ҳақиқатро пайдо мекунад ва оятҳои нури ҳақиқаташро мунташир менамояд.

اَللّٰهُمَّ نَوِّرْ قُلُوبَنَا بِنُورِ اْلاِيمَانِ وَ الْقُرْآنِ اَللّٰهُمَّ اَغْنِنَا بِاْلاِفْتِقَارِ اِلَيْكَ وَ لاَ تَفْقُرْنَا بِاْلاِسْتِغْنَاءِ عَنْكَ تَبَرَّاْنَا اِلَيْكَ مِنْ حَوْلِنَا وَ قُوَّتِنَا وَ الْتَجَئْنَا اِلَى حَوْلِكَ وَ قُوَّتِكَ فَاجْعَلْنَا مِنَ الْمُتَوَكِّلِينَ عَلَيْكَ وَ لاَتَكِلْنَا اِلَى اَنْفُسِنَا وَاحْفَظْنَا بِحِفْظِكَ وَارْحَمْنَا وَ ارْحَمِ الْمُؤْمِنِينَ وَ الْمُؤْمِنَاتِ وَ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ عَبْدِكَ وَ نَبِيِّكَ وَ صَفِيِّكَ وَ خَلِيلِكَ وَ جَمَالِ مُلْكِكَ وَ مَلِيكِ صُنْعِكَ وَ عَيْنِ عِنَايَتِكَ وَ شَمْسِ هِدَايَتِكَ وَ لِسَانِ حُجَّتِكَ وَ مِثَالِ رَحْمَتِكَ وَ نُورِ خَلْقِكَ وَ شَرَفِ مَوْجُودَاتِكَ وَ سِرَاجِ وَحْدَتِكَ فِى كَثْرَةِ مَخْلُوقَاتِكَ وَ كَاشِفِ طِلْسِمِ كَائِنَاتِكَ وَ دَلاَّلِ سَلْطَنَةِ رُبُوبِيَّتِكَ وَ مُبَلِّغِ مَرْضِيَّاتِكَ وَ مُعَرِّفِ كُنُوزِ اَسْمَائِكَ وَ مُعَلِّمِ عِبَادِكَ وَ تَرْجُمَانِ آيَاتِكَ وَمِرْآتِ جَمَالِ رُبُوبِيَّتِكَ وَ مَدَارِ شُهُودِكَ وَ اِشْهَادِكَ وَ حَبِيبِكَ وَ رَسُولِكَ الَّذِى اَرْسَلْتَهُ رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ اَجْمَعِينَ وَ عَلَى اِخْوَانِهِ مِنَ النَّبِيِّنَ وَ الْمُرْسَلِينَ وَ عَلَى مَلٰئِكَتِكَ الْمُقَرَّبِينَ وَ عَلَى عِبَادِكَ الصَّالِحِينَ آمِين[4]

 

Саъид Нурсӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

[1] Ба Худо ва ба рӯзи қиёмат  имон овардам.

[2] Пайдо шав пас ҳама чиз пайдо мешаванд( сураи ёсин: 82.)

[3]Мо ҳама аз Худо ҳастем ва ба суи Ӯ бармегардем.

[4] Худоё, дилҳои моро бо нури имон ва Қуръон мунаввар гардон. Худоё, моро бо ниёзмандиямон ба суи худ ғани гардон ва моро бо бениёзӣ аз худ фақир магардон. Мо аз қувват ва тавонои худ безорӣ ҷуста, ба қувват ва ҷалоли ту паноҳ мебарем.

Пас, маро аз ҷумлаи таваккалкунандагони ба даргоҳат намо, ҳаргиз моро ба нафсҳоямон магзор, моро бо ҳифзи худ нигоҳ дор ва мо ва тамоми мӯъминони марду занро раҳм намо.

Салоту саломатиро бар Муҳаммад фирист, ба он банда, Паёмбар, дӯст, баргузида, ҷамоли мулк, сарвари офаридаҳо , айни иноят, чароғи ҳидоят, забони муҳаббат, мисоли раҳмат, нури халқ, шарафи мавҷудот, сироҷи ваҳдати Ту дар аксари махлуқот, кашфкунандаи тилисми еоинот, даллоли салтанати Худованд, расонидаи рози, муаррифи конҳои номҳои Ту, муаллими бандагонат, тарҷумони оятҳо, оинаи ҷамоли парвардигорӣ, мадори шоҳидон ва шаҳодати Ту, ҳабиб ва расули Ту, ки ӯро ҳамчун раҳмате барои оламиён фиристодаӣ. Ҳамчунин бар тамоми олу асҳоб ва бар дигар бародарони Паёмбар ва бар тамоми малоики муқарраб ва бар тамоми бандагони Ту…Омин.

 



Мақолаҳо