китоби «Муъҷизоти Аҳмадӣ»-и Саъид Нурсӣ маълумоти зиёдеро ба таври муфассал аз муъҷизаҳои Паёмбари Худо (с.а.в.) ва аз сирати бемисоли Ӯ (с.а.в.) дар бар гирифта…

ТАҚРИЗ

 Мӯъҷиза бузургтарин раҳоварди паёмбарони Худо барои тасдиқи паёмбариашон ба сӯйи башарият мебошад. Муъҷиза аз ҳама корҳои «хориқулода»-ву «фавқулода» чашмбандиҳову шуъбадабозиҳои ҷиннию инсӣ фарқ дошта, барои соҳибназарон хурдтарин шакку тардидро дар мавриди ваҳдонияти Худо ва бар ҳақ будани паёмбарони ростинро бармало намуда, ҳама макру ҳилаҳои коҳинону соҳинонро бепоя мегардонад ва имони муъминонро тақвият бахшида, гумроҳону ҷоҳилонро раҳнамоӣ менамояд ва боиси куфру илҳоди бештарашон мегардад.

Ба паёмбари охирзамон-Муҳаммади Мустафо(с) мисли ҳама паёмбарони пешин муъҷизаҳо омадааст. Вале муъҷизаҳои паёмбарони пеши нагар аз нигоҳи замонӣ (ва маконӣ) маҳдуд ва бештар вобаста ба тӯли зиндагонии соҳибонашон мебуд, пас, муъҷизаҳои Паёмовари охирин(с) аз нигоҳи замонию маконӣ маҳдуд набуда, ҷовидонаву тағйирнопазиранд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон аз бузургтарин муъҷизаи Паёмбари Худо(с) Қуръони карим ёд намуд, ки каломи илоҳӣ будаву дар дарозои таърих таҳриву тағйире нахӯрда ва мардумро ҳама давру замон ба ростию ҳақиқат фаро хондаву ба тамоми масоил аз заминӣ то ба кайҳони ишора намудааст.

Дар мавриди муъҷизаҳои Паёмбари Худо (с.а.в.) таърихнигорону донишмандони исломӣ китобҳое навиштаанд, ки китоби «Муъҷизоти Аҳмадӣ»-и Саид Нурсӣ дар пайравӣ аз онҳо навишта шудааст. Муаллиф кӯшидааст, то дар ин китоб танҳо ба ҳамон муъҷизаҳое ишора намояд, ки дар таърихи Ислом ба сурати мутавотир ривоят шудаанд ва бузургтарин донишмандони исломӣ, ба вижа муҳаддисону сиранависон ба омӯзиши дақиқи онҳопардохта санади, онҳоро саҳеҳу муътамад эълом доштаанд.

Муаллиф дар баробари ба таври кутоҳ овардани матни ҳадисе, ки аз чигуна воқеъ шудани муъҷизае аз муъҷизаҳои Паёмбари Худо (с.а.в.) ҳикоят мекунад, боз ба таҳлили таърихии он пардохта, барои хубтар роҳ ёфтани он ба зеҳни хонанда аз тамсилҳои ба инсони имрӯз ошно истифода намудааст ва гоҳе ба мардум, ба вижа ба нафароне, ки дар ҳақиқати муъҷизаҳои Паёмбари Худо (с.а.в.) кӯчактарин шакку тардиде менамоянд, хитоб намуда, онҳоро ба он фаро мехонад, ки ба муъҷизаҳои Паёмбари Худо (с.а.в.) бод иди дунсиона назар намоянд ва пардаи ҷаҳлу гумроҳиро аз пеши назари худ ба дурр андозанд.

Дар ҳошияи китоб ҳадисҳои овардашуда тахриҷ шудаанд, ки воқеан, ин арзиши илмии онро боз дучанд намуда, дигар барои нуктагирону кутаҳбинон  дармавриди саҳеҳу муътамад будани санадҳои он ҷойи тардидеро намегузорад.

Ҷойи тазаккур аст, ки дар бархе мавридҳо муаллиф аз бузургони аҳли тасаввуф ва баъзе каромотҳои онҳо ба таври муҷмал ёдовар шудааст, ки ин пеш аз ҳама аз таъби суфиёна дошатни ӯ дарак медиҳад.

Ба таври умумӣ, китоби «Муъҷизоти Аҳмадӣ»-и Саид Нурсӣ маълумоти зиёдеро ба таври муфассал аз муъҷизаҳои Паёмбари Худо (с.а.в.) ва аз сирати бемисоли Ӯ (с.а.в.) дар бар гирифта, инчунин, дар мавриди бузургтарин муъҷизаи Ӯ (с.а.в.) – Қуръони карим нуктаҳои ҷолиберо дар худ дорад, ки бе шак ба ҳар хонандае писанд меляд.

 

Муқарриз устоди ДМТ

Исмонов Кароматулло



Мақолаҳо