Инсон бо нури имон ба баландиҳои инсоният мебарояд ва манзалату арҷи лоиқи биҳиштро ба даст меорад…

 

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي أَحْسَنِ تَقْوِيمٍ (4) ثُمَّ رَدَدْنَاهُ أَسْفَلَ سَافِلِينَ (5) إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ[1]

Инсон бо нури имон ба баландиҳои инсоният мебарояд ва манзалату арҷи лоиқи биҳиштро ба даст меорад. Ва торикии куфру беимонии ӯро ба қаъри асфали софилин сарнагун месозад ва ба вазъияте дучор мешавад, ки аҳли дӯзахро сазост. Чунки, имон инсонро бо Сонеъи Зулҷалолаш пайванд мекунад. Имон ин як интисоб[2] аст. Бадин васила инсон ба эътибори санъати илоҳӣ ва нақшҳои номҳои раббонӣ, ки тавассути имон дар ӯ намоён шудаанд, арзиши волое ба даст меорад. Аммо, беимонӣ ва куфр ин робита ва пайвандро қатъ месозад. Қатъ шудани робита санъати Илоҳиро пинҳон мекунад ва қадру қимати инсон бошад танҳо ба модда (ҷисми моддӣ) баробар мешавад. Аммо, модда ҳеҷ арзише надорад, чунки он ҳамчун як ҳаёти ҳайвонӣ фонӣ, бебақо ва ҳам муваққатист.

Ин сирро бо як тамсил баён мекунем.

Масалан, маълум аст, ки дар миёни саноеъе, ки бо дасти инсон сохта шудааст, арзиши мавод ва арзиши чизи сохташуда хеле дигаргун мебошад. Баъзан онҳо арзиши баробар доранд ва гоҳо маводи аввалия аз чизи сохташуда қимматтар аст. Баъзан чунин мешавад, ки дар сохтани масолеҳе ки панҷ куруш[3] арзиш дорад, як санъате ки панҷ лира [4] арзиш дорад, сарф шудааст. Ва баъзан ягон санъати ноёб ва бостонӣ арзиши якмиллиона пайдо мекунад, дар ҳоле ки масолеҳи он панҷ куруш ҳам арзиш надорад.

Пас, агар чунин санъати ноёб ва бостонӣ дар бозори ашёи антиқа ҳамчун маҳсули кори устои ҳунарманди бостонӣ ба фурӯш гузошта шавад, он метавонад ки ба як миллион фурӯхта шавад. Аммо, агар он чиз дар бозори маҳсулоти оддии оҳангарон ба фурӯш гузошта шавад, онро шояд чун оҳани арзишаш панҷ куруш бихаранд.

Ҳамин тавр, инсон чунин як санъати ноёб ва бостонии Аллоҳ Таъоло аст. Инсон мӯъҷизаи аз ҳама нозук ва нозанини қудрати Илоҳист. Ба ҳамин сабаб, Худованд инсонро мазҳари ҷилваҳои асмои ҳуснои хеш қарор дода, ӯро чун меҳвари мадори нақшҳои худ офарид ва ӯро дар шакли як намунаи хурди коинот бунёд кард.

Агар нури имон ба инсон ворид шавад, он гоҳ ба шарофати ин нур тамоми нақшу нигорҳои худовандро, ки бар сафҳаи вуҷуди инсон нақш бастаанд, метавон хонд. Пас, ин шахси мӯъмин ҳам худ бо шуур ва тафаккур онро мехонад ва ҳам ба шарофати ин интисоб, яъне имон онро ба дигарон низ меомӯзад. Яъне, бо фикрҳое чун: “Ман бунёдшуда ва махлуқи Сонеъи Зулҷалол ҳастам, ки ба раҳмат ва карами ӯ мушарраф шудаам” санъати Раббонии нуҳуфта дар инсон тазоҳур меёбад.

Яъне имон, ки иборат аз интисоби Сонеъи Зулҷалол аст, тамоми осори санъати Илоҳии дар инсонбударо намоён мекунад. Инсон арзише чун санъати Раббонӣ ба даст меорад ва соҳиби эътиборе чун оинаи худованд мегардад. Бино бар ҳамин асос аст, ки ин инсони беаҳамияту ночиз ба шарофати ин эътибор ҳамчун ашрафи махлуқот ва мухотаби Илоҳӣ ва мусофири Раббонии лоиқи Биҳишт мегардад.

Аммо, агар куфр ва беимонии иборат аз қатъи интисоб ба инсон ворид шавад, он гоҳ тамоми нақшҳои маънидори Номҳои Илоҳӣ дар торикӣ қарор мегиранд ва хондану фаҳмидани онҳо имконнопазир мегардад. Зеро, агар кас Сонеъро фаромӯш кунад, он вақт ҷиҳатҳои маънавии мутаваҷҷеҳ ба Сонеъро фаҳмида наметавонад. Гӯё, ки ҳама чиз сарозер мешавад. Бисёре аз он санъатҳои олии маънидор ва нақшҳои олии маънавӣ ноаён мешавад. Боқимонда ва баъзеи онҳо, ки бо чашм дида мешаванд, ба асбоби ночиз ва ба табиату тасодуф нисбат дода мешаванд ва ниҳоят тамоман арзиши худро аз даст медиҳанд ва аз байн мераванд. Ҳар яке аз онҳо агар гавҳари дурахшон бошад, ба шишаи хира табдил меёбад. Арзиши онҳо танҳо ҳамчун моддаи ҳайвонӣ муайян мегардад. Мақсад ва моҳияти модда, чӣ тавре дар боло зикр кардем, ин доштани танҳо як ҳаёти маҳдуд ва кӯтоҳ мебошад, ки дар он ҳаёт ӯ оҷизтарин, муҳтоҷтарин ва серташвиштарин мавҷуди ҷаҳони зиндааст. Сипас мемирад ва нобуд мегардад.

Ҳамин тариқ, беимонӣ ана ҳамин моҳияти инсониро маҳв мекунад ва ӯро аз алмос ё гавҳар ба ангишт мубаддал месозад.

[1] Қуръон, 95:4-6.

[2] интисоб – робита

[3] куруш (kuruş) –  пули тангаи Туркия; сад куруш баробари як лира аст.

[4] лира (lira) – пули миллии Туркия; як лира баробари сад куруш аст.

Саъид Нурсӣ

 



Мақолаҳо