“Бисмиллоҳ” чи қуввати бузургу бепоён, чи баракати тамом нашуданист, ин ҳикояти кўтоҳи тамсилиро бубин, ва гўш кун…

Калимаи якум

“Бисмиллоҳ” – сароғози ҳар хайр аст. Мо низ, ибтидо бо он шурўъ мекунем. Бидон эй нафсам! Ки ин калимаи муборак, ҳам нишонаи Ислом аст, ва ҳам тамоми мавҷудот бо забони ҳоли худ онро вирди забон доранд.

Агар мехоҳӣ бидони “Бисмиллоҳ” чи қуввати бузургу бепоён, чи баракати тамом нашуданист, ин ҳикояти кўтоҳи тамсилиро бубин, ва гўш кун:

Шахсе, ки дар биёбонҳои арабии бодиянишин саёҳат мекунад, лозим аст, исми сардори қабилаеро бигирад ва таҳти ҳимояташ қарор гирад, то аз хатари роҳзанон наҷот пайдо карда битавонад ҳоҷатҳояшро муҳайё намояд, дар ғайри ин сурат бекасу танҳо дар баробари иҳтиёҷоту душманони бешумораш парешон хоҳад шуд.

Инак ду нафар, барои чунин сайёҳате ба саҳрое рафта ва ба роҳ баромаданд, яке аз онҳо хоксору фурўтан буд, ва дигаре мағруру саркаш… Шахси хоксор исми як сардореро гирифт, ва мағрўр ибо кард… хоксор ба воситаи он номе, ки гирифта буд, ҳама ҷоро бо саломатӣ комил сайёҳат кард ва дар вақти сайёҳат агар иттифоқан ба роҳзане бархўрд мекард, мегуфт: “Ман ба номи фалон роҳбар сайёҳат мекунам”, – роҳзан аз ў дур шуда коре бо ў надошт. Агар ба ҳар хаймае ҳам ворид мешуд, ба хотири он ном ҳурмат медид. Вале дигаре ки мағрўр буд, дар муддати саёҳаташ балоҳое кашид, ки қобили гуфтан нест, доим меларзид ва дар ҳоли гадоӣ кардан буд, ки ҳам залилу ҳам расво шуд.

Акнун эй нафси мағрўрам! Ки ту он сайёҳи ва ин дунё ҳам як саҳрост. Аҷзу фақрат бешумор ва душманону ҳоҷотат бениҳоят аст ва ҳол ки чунин аст, исми Молики Абадӣ ва Ҳокими Азалии ин саҳроро бигир, то аз гадоии тамоми коиноту аз ларзидан дар баробари ҳар ҳодисае раҳоӣ ёбӣ.

Бале, ин калима чунон ганҷи пурбаракате аст, ки аҷзу фақри бениҳоятатро ба раҳмату қудрати бе ниҳояте рабт дода, ва аҷзу фақрро бароят дар даргоҳи Раҳими Қадир мақбултарин шафоаткунанда хоҳад кард.

Бале, касе ки бо ин калима ҳаракат мекунад, ба монанди шахсе аст, ки дар хизмати аскарист, ба номи давлат ҳаракат карда ва аз ҳеҷ кас парвое надорад, ба номи қонуну ба номи давлат сухан гуфта, ҳар кореро анҷом дода ва дар муқобили ҳар чизе истодагӣ мекунад.

Дар ибтидо гуфтем, ки тамоми мавҷудот бо забони ҳолашон “Бисмиллоҳ” мегўянд, оё ин гуна аст?

Бале, ҳамон гуна ки агар шоҳид бошӣ, шахсе биояду тамоми аҳолии шаҳрро ба зўр ба маконе савқ диҳад, ва ба анҷоми корҳое водор кунад, бешубҳа медонӣ, ки он шахс бо номи худ ва бо қувваи худ ҳаракат намекунад. Балки ў сарбозе аст, ки ба номи давлат ҳаракат карда ва ба қувваи Подшоҳӣ такя додааст.

Ҳамон тавр низ, ҳарчизе ба номи Ҷаноби Ҳақ, ҳаракат мекунад, ба сурати: тухмҳои растаниҳо ва ҳастаҳои хурди заррамонанд, ба рўи худ дарахтони бузургро ҳамл мекунанд ва борҳои ба монанди кўҳро мебардоранд, пас ҳар кадоме аз дарахтон “Бисмиллоҳ гуфта, аз меваҳои хазинаи раҳмат дастонашро пур карда ба мо тақдим менамоянд. Ва ҳаркадоми аз бўстонҳо, “Бисмиллоҳ” гуфта, ҳамчун дегӣ бузурге мешавад ва аз Ошпазхонаи қудратӣ, дардаруни худ анвоъу ақсоми хеле зиёде аз ғизоҳои болаззати мухталифро ҳамроҳ бо ҳам мепазад. Ҳар кадоме аз ҳайвоноти пурбаракат, ба монанди гов, шутур, гўсфанд, буз, “Бисмиллоҳ” гуфта, аз файзи раҳмат, чашмаи шире мешаванд ва ба мо ба номи Раззоқ, латифтарин ва тамизтарин ғизое чун обиҳаётро тақдим мекунанд. Ва ҳар кадоми аз решаҳову рагаҳои нарми абрешим монанди дарахтон ва набототу сабзаҳо “Бисмиллоҳ” гуфта, ва хоку санги сахтро сўрох карда, аз он мегўзаранд ва номи Аллоҳ ва номи Раҳмонро гуфта, ҳар чизи сахту мушкил барояшон осон мешавад.

Бале, ҳамчун интишор ва паҳни шохаҳо дар ҳаво ва додани мева низ, интишору нуфузи решаҳо бо камоли суҳулат дар хоку санги сахт ва мева додан дар зери замин ва ҳам мартуб мондани баргҳои сабзу нозук моҳҳо дар баробари шиддати ҳарорат, ба шиддат ба даҳони табиъатпарастон шаллоқе мезанад, ва ба чашмони кўр шудаашон ангушт фурў мекунад, ва мегўяд, ки:

Ҳатто салобату ҳарорат, ки беш аз ҳарчиз ба он эътимод доред, таҳти амр ҳаракат мекунад; бад-ин гуна, ки он решаҳои нарми абрешимонанд, як ба як, чун асо-и Мўсо (а.с.) ба дастўри فَقُلْنَا اضْرِبْ بِعَصَاكَ الْحَجَرَ2 пайравӣ карда, сангҳоро мешикофанд ва як ба як он баргҳои нозанину нозуки чун барги сигор, ба монанди аъзои Иброҳим (а.с.) дар муқобили ҳарорати оташфишони ояи      3يَا نَارُ كُونِى بَرْدًا وَ سَلاَمًا – ро мехонанд.

Ҳоло ин ки ҳар чиз, маънан “Бисмиллоҳ” мегўяд, ва ба номи Аллоҳ неъматҳои Илоҳиро оварда ва ба мо медиҳад, пас мо низ бояд “Бисмиллоҳ” бигўем ва бояд ба номи Аллоҳ бубахшем, ва бояд баноми Аллоҳ бигирем, пас ба ин рафтор набояд, ҳозир ба гирифтани чизе аз инсонҳои ғофиле бошем, ки ба номи Аллоҳ намебахшанд…

Савол: Ба инсонҳое ки дар ҳукми фурўшандаанд, баҳо медиҳем, оё Аллоҳ ки соҳиби аслии мол аст, аз мо чи баҳое мехоҳад?

Ҷавоб: Бале албатта он Мунъими Ҳақиқӣ аз мо дар муқобили ивази молҳо ва нематҳои қиматдор, баҳо мехоҳад, ва он ҳам се чиз аст: яке зикр, яке шукр, ва дигаре фикр аст. Дар ибтидо “Бисмиллоҳ”зикр аст, ва дар интиҳо Алҳамдулиллоҳ шукр аст ва дар миёна низ тафаккуру дарк намудани неъматҳои бо арзише ки хориқаи санъат ва ҳадияи раҳмат ва муъҷизаи қудрати Аҳади Самад мебошад, ин фикр аст. Ҳамон гуна ки агар подшоҳе ба дасти одами мискине ҳадияи бо арзиш бароят бифиристад, ва ту дар ивази ташаккур аз подшоҳ, пойҳои он одами мискини иҷрокунандаи амрро бибўсӣ ва соҳиби ҳадияро нашиносӣ, муртакиби кори аблаҳонае шудаи, ҳамон тавр низ, мунъимҳои зоҳириро мадҳу муҳаббат кардан, ва Мунъими Ҳақиқиро аз ёд бурдан низ, коре ба маротиб аблаҳонатар аз он аст.

Пас эй нафс, агар мехоҳӣ аблаҳе чун ин шахс набошӣ: Ба номи Аллоҳ бубахш… Ба номи Аллоҳ бигир… Ба номи Аллоҳ шурўъ кун… Ба номи Аллоҳ кор кун… Вассалом.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо