Афлотуни файласуфони Ислом, доҳии машҳур Абуалӣ ибни Сино ки шайхи ҳакимон ва устоди файласуфон аст…

НУҚТАИ ҲАФТУМ:

Исроф, самараи ҳирс буда, ҳирс се натиҷаро медиҳад.

 

Якум: Бе қаноатӣ. Бе қаноатӣ, шавқи меҳнатро аз саъйю кўшиш ронда мекунад. Ба ҷойи шукр шакво, пайдо шуда, боиси танбалӣ мешавад. Дар натиҷа инсон, моли машрўъ, ҳалолу[1] камро тарк карда, моли ғайри машрўъу безаҳмат меҷўяд, дар ин роҳ натанҳо иззат балки ҳайсияташро низ фидо мекунад.

Натиҷаи дуюуми ҳирс: Маҳрумият ва зарар буда ва аз даст додани ҳадаф ва маъруз мондан ба беҳурматӣ ва маҳрум мондан аз суҳулату муованат мебошад. Ҳатто зарбулмасал: اَلْحَرِيصُ خَائِبٌ خَاسِرٌ яъне: “Ҳирс, сабаби зиён ва нокомӣ” аст, инро зарбулмасал тасдиқ мекунад.

Таъсироти ҳирс ва қаноат, дар олами зиҳаёт ба сурати дастури бисёр васеъе дар ҷараён аст.

Аз ҷумла, ба чанд мавриди ин ишора мекунем: қаноати фитрии дарахтони мўҳтоҷ ба ризқ, ҳамон тавре, ки ризқи ононро ба сўи онон медавононад, давидани ҳайвонот низ бо ҳирс ва бо машаққату нуқсон басўи ризқ, зарари бузурги ҳирсу манфиъати азими қаноатро нишон медиҳад.

Ҳамчунин, бо будани қаноати навзодони заиф бо забони ҳоли худ, ғизои латиф, ҳамчун шир аз ҷои ғайри қобили интизор, барои онон ҷорӣ мешавад, аммо бо будани ҳирс дар ҷонварон, онон ба ризқи нуқсону мулаввас чанг мезананд, ки ин даъвоямонро ба рушанӣ исбот мекунад.

Ҳамчунин вазъияти қаноаткоронаи моҳиёни фарбеҳ, асоси ризқи комиле барои онон мешавад, аммо ҳайвоноти зираке, мисои рўбоҳу маймун, бо онки бо ҳирс ба дунболи ризқи худ ҳастанд вале баандозаи кофӣ ризқи худро наёфта лоғару заъиф мемонанд, ки ин нишон медиҳад, ҳирс то чи ҳад сабаби мушаққат ва қаноат то чи ҳад сабаби осойиш мешавад.

Ҳамчунин миллати Яҳуд бо доштани ҳирс, рибо, ҳилаю найранги худ, ризқи бо зиллату сафолат ва рўзии ғайри машрўъро танҳо ба андозаи ниёзи зарурии зиндагӣ бадаст меоваранд, аммо саҳронишинон бо вуҷуди вазияти қаноаткоронаашон, зиндагии бо иззату ризқи кофӣ доранд, ки бори дигар даъвоямонро қатъан исбот мекунад.

Ҳамчунин фақре, ки олимону[2] адибон[3] ба сабаби ҳирсе ки заковаташон ба онон додааст, мубтало ба он шудаанд ва низ сарвате ки афроди нодону нотавон бо вуҷуди вазияти қаноаткоронаашон бадаст овардаанд, қатъан исбот мекунад, ки ризқи ҳалол, назар ба аҷзу фақр ба даст меояд, на ботавону ихтиёр, ҳатто ризқи ҳалол бо тавону ихтиёр робитаи маъкус дорад, зеро бо зиёд шудани тавону ихтиёри кўдакон, ризқи онон низ кам шуда, аз онон дуртар гашта, андак мешавад. Назар ба сирри ҳадис: «اَلْقَنَاعَةُ كَنْزٌ لاَ يَفْنَى» қаноат, ганҷинаи ҳусни маъишату осоиши ҳаёт мебошад, аммо ҳирс маъдани хасорату сафолат аст.

Натиҷаи сеюм: Ҳирс, ихлосро аз байн бурда, амали ухравиро доғдор мекунад, зеро агар аҳли тақво ҳарис бошад, хоҳони таваҷҷўҳи инсонӣ аст, онкасе, ки таваҷҷўҳи инсонро моддӣ назар дошта бошад, ихлоси томро ба даст намеоварад, ин натиҷа бисёр бо аҳамият буда ва ҷойи диққат дорад.

Алҳосил: Исроф, беқаноатиро натиҷа медиҳад, беқаноатӣ, шавқи коркарданро кам карда, сабаби танбалӣ мешавад ва дари шикоятро дар зиндагӣ боз карда, ҳамеша сабаби шикоят мешавад[4]. Ҳам ихлосро аз байн бурда, дари риёро боз мекунад, ҳам иззаташро гирифта роҳи гадоиро нишон медиҳад. Аммо сарфакорӣ, қаноатро натиҷа медиҳад, назар ба сирри ҳадис «اَلْقَنَاعَةُ كَنْزٌ لاَ يَفْنَى» қаноат иззатро меорад ва саъю талошро зиёда мекунад, иштиёқро афзоиш дода, ба кору талош вомедорад.

Зеро масалан; фарди қонеъ бо кору талош дар як рўз, бо қаноат подоше ки дарёфт кардааст, рўзи дуюм низ албатта кор мекунад, аммо фарди исрофкунанда, чун қаноат намекунад, рўзи дуюм наметавонад кор кунад, агар корҳам кунад, дар кораш шавқ надорад.

Ҳамчунин қаноате, ки аз сарфакорӣ ба даст меояд, дари шукрро боз карда ва дари шикоятро мебандад, дар ҳаёти худ доимо шокир (шукр карда) ва ба воситаи қаноат аз инсонҳо бениёз шуда, дар ҷустуҷўи таваҷҷўҳи инсонӣ намегардад. Дари ихлос боз шуда ва дари риё баста хоҳад шуд. Зарарҳои мудҳиши беиқтисодӣ ва исрофро дар муддати васъе, башарҳи зер мушоҳада кардам: Нўҳ сол пеш, ба шаҳри мубораке рафтам, азбаски мавсими зимистон буд манбаъи сарвати он шаҳрро надидам, муфтии он шаҳр – Аллоҳ раҳматаш кунад – чанд боре баман гўфт: “Аҳолии шаҳри мо фақиранд” ин сухани ў эҳсоси манро барангехт, то панҷ – шаш сол барои аҳолии он шаҳр андўҳгин будам, ҳашт сол баъд, дар фасли тобистон ба он шаҳр рафтам, боғҳои онҷоро дидам, сухани марҳум муфтии он ҷойро баёд овардам, ба худ гуфтам: Фасубҳоналлоҳ, маҳсулоти ин боғ беш аз ниёзи ин шаҳраст, бояд аҳолии ин шаҳр бисёр сарватманд бошанд ва тааҷҷуб кардам аз хотираи пур ҳақиқати раҳбарам – ки дар ҳеч замон маро фиреб надода ва дар дарки ҳақиқат, раҳбарам будааст – фаҳмидам: Бахотири бесарфа ва исроф, баракат аз ин шаҳр рафта буд, ба ҳамин сабаб он марҳум бо вуҷуди ин ҳама манбаъи сарват мегўфт: “Аҳолии мо фақиранд.”

Бале, таҷруба собит кардааст, додани закот ва риояи иқтисод, сабаби баракати мол мешавад, исроф ва надодани закот низ, сабаби бебаракатӣ мешавад, ки воқеъаҳои зиёде нишонгари онаст.

Афлотуни файласуфони Ислом, доҳии машҳур Абуалӣ ибни Сино ки шайхи ҳакимон ва устоди файласуфон аст, танҳо дар бораи илми тиб, ояи كُلُوا وَ اشْرَبُوا وَ لاَ تُسْرِفُوا ро ингуна тафсир кардаанд:

جَمَعْتُ الطِّبَّ فِى الْبَيْتَيْنِ جَمْعًا وَ حُسْنُ الْقَوْلِ فِى قَصْرِ الْكَلاَمِ

فَقَلِّلْ اِنْ اَكَلْتَ وَ بَعْدَ اَكْلٍ تَجَنَّبْ وَ الشِّفَاءُ فِى اْلاِنْهِضَامِ

وَ لَيْسَ عَلَى النُّفُوسِ اَشَدُّ حَالاً مِنْ اِدْخَالِ الطَّعَامِ عَلَى الطَّعَامِ

Илми тибро дар ду ҷумла хулоса мекунам: Зебоии калом дар кўтоҳии онаст, ҳангоми ғизо хўрдан кам бихўр ва баъд аз ғизо то чор – панҷ соат чизе нахўр, шифо дар ҳазми ғизост, яъне ба андозае бихўр, бароҳат ҳазм шавад, сангинтарин ва хастакунандатарини ҳолат барои нафсу меъда, ғизо хурдани пайдарҳамаст.[5](Ҳошия)

Саъид Нурсӣ

* * *

[1] Набудани сарфакорӣ сабаб мешавад, масрафкунандагон, зиёд шуда, ва тавлидкунандагон кам мешаванд, ва ҳама чашм ба дари ҳукумат мебандад, онҳангом «санъат, тиҷорат, ва зироат» ки асосу мадори ҳаёти иҷтимоъиянд, кам шуда, рӯ бануқсон меравад, ва он миллат, пасту фақир шуда, суқут мекунад.

[2] Подшоҳи одили эрон Ануширавон, вазири одиле баноми Бузургмеҳр дошт, ки бадоноӣ машҳур буд, аз эшон савол шуд: «чигунааст уламо дар даргоҳи умаро ҳозиранд, аммо умаро дар пешгоҳи уламо дида намешавад, ҳоло онки илм аз аморат бартараст?» чунин посӯх дод: «ин аз илми уламо ва аз ҷаҳли умарост.» яъне умаро аз ҷаҳлашон арзиши илмро намедонанд, то ба ҳузури уламо рафта ҷӯёи илм шаванд, аммо уламо ҳам аз маърифаташон, ҳам баон сабаб ки арзиши молро медонанд, ҷуёи он дар даргоҳи умароанд. Пас Бузургмеҳр, ҳирсро ки натиҷаи заковати уламо буда, ва сабаби фақру зиллати онон шуда, бо зарофату маҳорати хоссае таъвил карда, ба шевое посӯх доданд. (Хусрав)

[3] Воқиъае ки таъйидкунандаи онаст, ба адибон дар Фаронса барои онки хуб гадоӣ мекунанд, васиқаи гадоӣ медиҳанд. (Сулаймон Рушдӣ)

[4]Бале, аз ҳамаи инсонҳои мусриф, шикоят мешунавӣ, ҳатто агар сарватманд ҳам бошанд, бозҳам забонашон дар шикоят, аммо аз инсони фақири қаноаткор, фақат шукр мешнавӣ.

[5] Яъне музиртарин чиз барои бадан, ғизо хурдан баъд аз ғизо дар фосилаи камтар аз чор – панҷ соатаст, ва ё инки пур кардани меъда аз ғизоҳои мутанаввиъ барои лаззат бурданаст.

 



Мақолаҳо